Дар мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода бо сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон Аббосалӣ Гасанов, ки рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта доир гардид, масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ шуданд.

Бино ба маълумоти сафорати Озарбойҷон дар Тоҷикистон, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо тарафдории худро ба  барқарор кардани хатсайри ҳавоии мунтазам миёни шаҳрҳои Душанбе ва Боку баён доштанд.

«Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барқарор нашудани ин хатсайри ҳавоӣ муддати тӯлонӣ бо сабабҳои номаълум, ба рушди амалии муносибатҳои дуҷониба таъсири манфӣ мерасонад», - қайд мешавад дар маълумоти сафорат.

Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот атрофи амалисозии бандҳои протоколи III ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Озарбойҷон табодули назар сурат гирифт.

Зикр гардид, ки ҷонибҳо ҳамчунин ба дурнамои муттаҳид сохтани лоиҳаҳои сохтмони роҳи оҳани Боку -Тифлис - Карс ва Тоҷикистон - Афғонистон - Туркманистон низ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Мавриди истифода қарор гирифтани шохаи роҳи оҳани Боку - Тифлис - Каср ояндаи наздик дар назар аст.

«Дар ин гуфтугӯ аҳамияти долони комуникатсионии Осиё -Қафқоз - Аврупо таъкид шуд, ки пас аз муттаҳид сохтани лоиҳаҳои мазкур амалӣ мешавад», - омадааст дар маълумот.

Ёдрас мекунем, ки хатсайри ҳавоии мунтазами Душанбе - Боку - Душанбе 10 июли соли 2012 ифтитоҳ гардида, вале дар робита ба нокофӣ будани талаботи мусофирон ба он, минбаъд амал намекард. Моҳи марти соли 2013 парвози ҳавопаймоҳо тариқи ин хатсайр дубора барқарор шуда, лекин бо сабаби дар боло зикршуда боз баста шуд.