Дар Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ситоди махсуси ҷумҳуриявии мубориза бо малах таъсис дода шуда, имрӯз ҷаласаи нахусти ин ситод доир мегардад.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҶТ, ситод бо дастури вазири кишоварзӣ «Дар бораи пешгирии паҳншавии малах ва ташкили муборизаи кимиёвӣ дар ҷумҳурӣ дар соли 2016» таъсис дода шудааст.

Дар мубориза бо ин навъи ҳашароти зараррасон ба киштукори деҳқонон имсол дар доираи маблағгузорӣ ба лоиҳаи «Беҳбуди мубориза бо малах дар Афғонистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар давраи солҳои 2016-201» Ҷопон ба Тоҷикистон кумак мекунад.

Ба иттилои манбаъ, соли 2015 бо мақсади саривақт пешгирии паҳншавии малах беш аз 88,3 ҳазор гектар заминҳои кишоварзӣ мавриди коркарди кимиёвӣ қарор гирифтанд. Соли гузашта майдони паҳншавии ин ҳашарот беш аз 106,5 ҳазор гектарро фаро гирифта буд.

Қобили зикр аст, ки ҳуҷуми малахҳо ба заминҳои кишоварзии Тоҷикистон ҳамасола бештар дар минтақаи ҷануби кишвар - вилояти Хатлон ва ҳамчунин баъзе ноҳияҳои вилояти Суғд ба мушоҳида мерасад.