Дар доираи кори Ярмаркаи 22-юми тиҷоративу сармоягузории Ланчжоуи Чин раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) Шариф Саид бо волии музофоти Гансу Лин До дидору гуфтушунид анҷом дода, изҳор дошт, ки Тоҷикистон ба иштироки сармояи хусусии ин музофот ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди ҷумҳурӣ манфиатдор аст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ПСС ҶТ, бахшҳои гидроэнергетика, истихроҷӣ кӯҳӣ, зербинои саноат, комплекси агросаноатӣ, нақлиёт, сохтмони роҳу пулҳо, телекоммуникатсия, индустрияи сохтмон, савдо, соҳаҳои бонкӣ ва молиявӣ аз бахшҳои афзалиятнок номбар шуда, Ш.Саид ҳамчунин аз имконоти густардаи таъсиси корхонаҳои муштарак бо истифода аз технологияҳо ва таҷҳизоти чинӣ дар соҳаҳои коркарди конҳои канданиҳои фоиданок, электроэнергетика, саноати сабуку хӯрокворӣ ва коркард, дорусозӣ ва таҳияи лоиҳаҳои муштараки тиҷоратӣ маълумот дод.

Гуфта мешавад, зимни мулоқот ба масъалаи имкони саҳмгузории доираҳои тиҷоратии Чин дар рушди минтақаҳои озоди Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуда, Шариф Саид таъкид дошт, ки айни замон беш аз 470 лоиҳаҳо дар Тоҷикистон ба сармоягузории хориҷӣ ниёз доранд.