Дар ҳисоботи солонаи раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба Маҷлиси вакилони халқ зикр гардид, ки 80%-и буҷети шаҳр аз ҳисоби андозҳои соҳибкорони хусусӣ пур мешавад.

Ба гуфтаи Маҳмадсаид Убайдуллоев, ҳиссаи бахши хусусӣ дар муомилоти моли умумии шаҳр дар соли равон - 99% ва дар хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ - 87,8%-ро ташкил додааст.

Раиси пойтахт таъкид доштааст, ки 80,2%-и буҷети шаҳр аз ҳисоби бахши хусусии иқтисод пур шуда, шумори соҳибкорони инфиродӣ дар пойтахт 31 ҳазору 299 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли гузашта 4,1% ё худ 1 ҳазору 246 нафар зиёдтар аст.

Раиси шаҳри Душанбе зикр кардааст, ки соли ҷорӣ дар пойтахт 71 корхонаи саноатӣ ба истифода дода шуда, дар онҳо 2 ҳазору 826 ҷойҳои корӣ фароҳам оварда шудаанд.

Соли 2016 ҳаҷми музди меҳнати миёна дар пойтахт ба 1 ҳазору 589 сомонӣ (тақрибан 200 доллар) баробар шудааст, ки дар муқоиса бо соли гузашта (соли 2015 - 1 ҳазору 492 сомонӣ) 6,5% бештар мебошад.