Дар вохӯрии ҳайатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Душанбе баррасии масъалаҳои марбут ба сабуксозии реҷаи раводид миёни кишварҳо, ки аз моҳи сентябри соли 2000 амал мекунад, дар назар аст.

Аз эҳтимол дур нест, ки мусофирони хатсайрҳои ҳавоии Душанбе-Тошканд-Душанбе, ки аз аввали соли оянда ифтитоҳ мегардад, мустақиман дар фурудгоҳҳои ҳарду кишвар раводид дастрас намоянд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита хабар дод, дар ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистон, ки охири ҳамин моҳ пешбинӣ шудааст, имзои созишнома оид ба сабуксозии реҷаи раводид миёни кишварҳо дар назар аст.

Бино ба гуфтаи манбаъ, пас аз ба имзо расидани созишномаи мазкур санаи дақиқи ифтитоҳи хатсайрҳои ҳавоӣ ва арзиши билетҳо ба он маълум мешавад. Парвози ҳавопаймоҳи миёни шаҳрҳои Тошканду Душанбе нимаи аввали соли 1992, замони оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон қатъ шуда буданд. Шурӯъ аз моҳи январи соли 2017 байни пойтахтҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон - Душанбе ва Тошканд парвози ҳавопаймоҳо фаъол хоҳанд гашт.

Қаблан иттилоъ дода будем, ки аввали ҳафтаи оянда дар Душанбе баргузории ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистон дар назар аст, ки ҳамраисони он муовини нахуствазири Ӯзбекистон Рустам Азимов ва муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид мебошанд.