Ҳукумати Тоҷикистон ба сохторҳои дахлдор дастур дод, ки тарифҳо барои истифодаи нерӯи барқро барои бархе аз истеъмолгарон боло баранд. Ин гароншавии барқ ба аҳолӣ дахл надорад.

Мувофиқи қарори ба имзо расида аз 24 феврали соли равон, дастур дода шудааст, ки аз 8 дараҷаи истифодабарандагони нерӯи барқ барои 4 дараҷа тарифҳо зиёд карда шаванд.

Барои истеъмолгарони соҳаи буҷетӣ, бахши коммуналӣ ва маҷмааҳои варзишӣ тарифҳо дар сатҳи 14,65 дирам (қаблан - 14,20 дирам) барои 1 кВт/соат, барои нақлиёти барқӣ - 14,65 дирам (қаблан - 9,55 дирам), пойгоҳҳои интиқоли оби нӯшокӣ (водопровод) ва пойгоҳҳои обкашии обёрии мошинӣ, пойгоҳҳои таъмиру истеҳсолии Агентии мелиоратсия ва обёрии назди ҳукумати ҶТ - 5,1 дирам (пештар - 2,55 дирам) аз 1 апрел то 30 сентябр ва 14,65 дирам (пештар - 9,55 дирам) аз 1 октябр то 31 март, барои чоҳҳои амудии мелиоративӣ, пойгоҳҳои обкашии мелиоративӣ - 5,1 дирам (қаблан - 2,55 дирам) муқаррар шудааст.

Дар қарори ҳукумат супориш дода шудааст, ки маблағи пардохти истифодаи нерӯи барқ аз рӯи тарифҳои нав аз 1 январ ҳисоб карда шавад.

Тарифҳо барои аҳолӣ, Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО), истеъмолгарони саноатӣ ва ғайрисаноатӣ, ҳамчунин истифодаи барқ дар дегҳо ва таҷҳизоти барқӣ бо мақсади таъмини биноҳо бо оби гарм ва гармӣ дар сатҳи пешина боқӣ мемонад.

Ба Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҶТ ва ШСХК «Барқи тоҷик» дастур дода шудааст, ки бар асоси ин қарор ба нархнома аз 1 октябри соли 2016 тағийроти дахлдор ворид намоянд.

Қобили зикр аст, ки болоравии нархи нерӯи барқ дар Тоҷикистон ахиран 1 ноябри соли гузашта сурат гирифта, айни замон аҳолӣ барои 1 кВт/соат нерӯи барқ 14,65 дирам маблағ пардохт мекунад.

Дар ширкати «Барқи тоҷик» маълумот дар бораи болоравии тарифҳои истифодаи нерӯи барқро тасдиқ карданд.