Таҳлилгарони Бонки авруосиёии рушд (БАОР) афзоиши пул дар муомилотро яке аз омилҳои суръат гирифтани раванди таваррум дар Тоҷикистон медонанд.

Дар гузориши моҳонаи макроиқтисодии БАОР дар ин робита гуфта мешавад, афзоиши пули нақд яке аз сабабҳои босуръат болоравии таваррум дар Тоҷикистон буда, моҳи январи соли 2017 ҳаҷми болоравии афзоиши пули нақд 62%-ро ташкил дод.

Гуфта мешавад, ин омил ҳамчунин дар тақвияти фишор ба қурби мубодилавӣ саҳм дошта, аввали моҳи март қурби мубодилаи сомонӣ нисбати доллари ИМА марзи 7,9-ро гузашт, ки тайи 13 моҳи ахир дар ин сатҳ нигаҳдорӣ мешуд ва охири моҳ ба 8,2 нишондиҳанда баробар шуд.

Коршиносони БАОР зикр мекунанд, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар мавриди фишор болои қурби мубодила ва суръат гирифтани раванди таваррум бо шадид кардани шароитҳои монетарӣ: боло бурдани меъёрӣ бозтамвил аз 12,5 то 16,0 фоиз ва афзоиши меъёри захираҳои ҳатмӣ тадбирҳо андешид.

Тибқи пешгӯии БАОР, соли 2017 сатҳи таваррум дар Тоҷикистон 5,9 фоиз ва қурби миёнаи солонаи пули миллӣ нисбати доллари ИМА 7,9 сомониро ташкил медиҳад.

Ҳукумати Тоҷикистон мизони таваррум то охири солро дар сатҳи 7 фоиз нигоҳ доштанист. Қурби мубодилаи пули миллӣ нисбати доллар дар Буҷети давлатии соли 2017 дар сатҳи 9,16 сомонӣ зикр шудааст

Қобили зикр аст, ки семоҳаи авввали соли ҷорӣ сатҳи таваррум 3,2 фоизро ташкил дода, қуоби имрӯз аз ҷониби Бонки миллӣ муқарраршудаи сомонӣ нисбати доллар 8,49 сомониро ташкил медиҳад.