Дар бахши истеъмолии Тоҷикистон моҳи дуюм аст, ки ҷараёни поинравии нархҳо ба мушоҳида мерасад. Нарху тарифҳо моҳи август ба миқдори 0,3 фоиз ва моҳи сентябр - 0,4 фоиз коҳиш ёфтанд. Коҳиши нархҳо барои Тоҷикистон падилдаи нав аст, зеро қаблан чунин ҷараёнҳо дар бахши истеъмолии кишвар ба мушоҳида намерасиданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, дар натиҷа сатҳи таварруми солона нисбат ба моҳи қаблӣ (7,7%) ба андозаи -1,0 банди фоизӣ поён рафта, ба 6,7 фоиз баробар гардид. Бонки миллӣ ин нишондиҳандаи миёнамуҳлатро 7%±3 ба нақша гирифтааст.

Тибқи маълумоти расмии Агентии омори назди Президенти ҶТ, раванди поинравии нархҳо дар моҳи сентябр пеш аз ҳама, ба камшавии арзиши маҳсулоти ғизойӣ вобаста аст: нархи пиёз - 15,9%, сабзӣ - 11,4%, бодиринг - 9,8%, помидор - 7,4%, карам - 7,2%, картошка - 6,5% ва шакар - 4,9% поин рафтааст.

Тамоили нав барои Тоҷикистонро ҳамчунин ба коҳиши арзиши равуо тариқи нақлиёти ҳавоӣ (14,1%) дар моҳи сентябр нисбат медиҳанд.

«Нишондиҳандаи мазкур аз сатҳи интизоршавандаи таваррум пасттар буда, аз муътадилшавии унсурҳои талаботу таклифот ва бо суръати тезтар баргардидани таваррум ба сатҳи нишондиҳцандаи мақсаднок шаҳодат медиҳад», - қайд мешавад дар маълумоти БМТ.

Гуфта мешавад, «таъсири омилҳои кӯтоҳмуддати мавсимӣ, бахусус аз ҷониби хизматрасониҳои пулакӣ, коҳишёбӣ ва муътадилгардии нархҳои маҳсулоти хӯрокворӣ (сабзавот) дар натиҷаи ҷамъоварии ҳосили фаровони тирамоҳӣ ва афзоиши пешниҳоди он, инчунин сиёсати зиддитаваррумии монетарӣ, вазъи боэътидоли бозори дохилии асъор ва қурби асъор боиси нисбатан коҳиш ёфтани интизориҳои таваррумӣ ва сатҳи таваррум гардид».

Мувофиқи интизориҳои БМТ, семоҳаи чоруми соли равон зиёдшавии нархи хизматрасониҳои манзилӣ-коммуналӣ, аз ҷумла қувваи барқ ва об ба нақша гирифта шуда, то андозае ба сатҳи таваррум таъсир мерасонад.

Зимнан зикр мегардад, ки новобаста аз ин, аз рӯи таҳлилҳо ва дурнамо интизор меравад, ки сатҳи таваррум дар соли 2017 ва давраи миёнамуҳлат дар доираи нишондиҳандаи мақсаднок (7,0%) ҷамъбаст хоҳад ёфт.