Фурӯши амволи «Тоҷиктрансгаз» оғоз гардида, тариқи музояда савдои анборҳои нигаҳдории гази корхона дар наздикии Душанбе ва вилояти Суғд дар назар аст.

КВД оид ба ташкили фурӯши амволи давлатии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ ду анбори нигаҳдории гази моеъ дар ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Бобоҷон Ғафуров дар вилояти Суғдро ба музояда гузоштааст.

Нархи аввали анбори нигаҳдории газ дар ҷамоати Навободи ноҳияи Рӯдакӣ - 2,2 млн. сомонӣ ва анбор дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 1,3 млн. сомониро ташкил медиҳад. Музоядаҳо санаи 8 ноябр баргузор мешаванд.

Вақте ки мушкилоти воридоти газ аз Ӯзбекистон рӯи кор омад, моҳи январи соли 2009 бо қарори ҳукумат КВД «Тоҷикгаз» ба ҶСК «Тоҷикрансгаз» табдил дода шуд, ки асосан ба тақсимоти гази аз кишвари ҳамсоя воридмешуда машғул буд. Соли 2012 Ӯзбекистон интиқоли газро ба Тоҷикистон пурра қатъ намуд.

Баъди ин «Тоҷиктрансгаз» ба тақсими гази табиии ватанӣ машғул шуд, ки дар ҳаҷми начандон зиёд дар вилояти Хатлон истихроҷ мешавад.

Ҳаҷми солонаи истихроҷи гази табиӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ ҳудуди 4 млн. метри мукаабро ташкил медиҳад. Замонҳои пеш қариб ҳамин қадар ҳаҷм гази табиӣ аз Ӯзбекистон танҳо дар як шабонарӯз ворид мешуд.

Анборҳои холии нигаҳдории газро корхона ба ширкатҳои воридкунандаи гази моеъ ба иҷора медод.