Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2018» ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2019-2020-ро қабул кард.

Қисмати даромади буҷети давлатӣ барои соли оянда - каме бештар аз 21 млрд. сомонӣ ва қисмати хароҷоти он - зиёда аз 21,3 млрд. сомониро ташкил дода, ҳадди ниҳоии касри буҷет ба 0,6% ва Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 334 млн. сомонӣ баробар аст.

Зимни суханронӣ назди вакилон вазири молияи ҷумҳурӣ Абдусалом Қурбониён қайд кард, ки чун солҳои пешин буҷети имсола низ хусусияти иҷтимоӣ дорад.

Ба гуфтаи ӯ, ҳудуди нисфи хароҷоти буҷет - беш аз 10 млрд. сомонӣ ба соҳаи иҷтимоӣ равона мегардад.

Дар буҷети соли оянда қурби пули миллӣ нисбати доллари МА - 9 сомонӣ (1 доллар), афзоиши иқтисод - 7% ва таваррум - дар сатҳи 7 фоиз пешбинӣ шудааст.

Ҳаҷми Буҷети давлатии Тоҷикистон дар соли равон зиёда аз 19,6 млрд. сомониро ташкил дод. Аз ба кадом соҳаҳо равона шудани мабалғҳои буҷет аз инфографика маълумоти бештар дарёфт мекунед.