Хатсайри мунтазами ҳавоӣ байни пойтахтҳои Тоҷикистону Озарбойҷон моҳи декабри соли равон барқарор мешавад.

Ҳафтаи сипаришуда зимни сафари кории ҳайати ҶСК «Сомон Эйр» ва КВД «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО) ба шаҳри Боку доир ба оғози парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Сомон Эйр» аз моҳи декабр тариқи хатсайри Душанбе - Боку - Франкфурт - Душанбе» тавофуқ ҳосил шудааст, хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз ТАЛКО. Парвоз ду маротиба дар як ҳафта анҷом дода мешавад.

Ин масъала дар вохӯрии ҳайати ҷониби Тоҷикистон бо президенти ҶСП ««AZAL Азербайджанские Авиалинии» Ҷаҳонгир Аскеров, директори ширкати ҳавопаймоии «Buta Airways» Ҷамил Манизода ва ноиби авали гурӯҳи ширкатҳои SILK WAY Темур Гасанов баррасӣ шудааст.

«Ҳамчунин ҷонибҳо оид ба масъалаҳои омодагӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси мутахассисони тоҷик дар соҳаи авиатсияи гражданӣ дар заминаи муассисаҳои махсуси таълимии Озарбойҷон низ табодули назар карданд», - гуфт манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, дар доираи ин сафар миёни намояндагони ТАЛКО ва «DET-Al» гуфтушунид доир гардида, аз рӯи натиҷаҳои он дар бораи аз моҳи декабр ба корхонаи Тоҷикистон фиристодани кокси нафтӣ дар ҳаҷми аз 3 то 7 ҳазор тонна дар як моҳ ба ивази аз Тоҷикистон ба ширкати озарбойҷонии «DET-Al» интиқол додани анод, криолит, флюорит ва алюминии дуюмдараҷа созишнома ба имзо расидааст.

«Ҳамзамон дар бораи дубора ба кор даровардани комбинати истеҳсоли гилхоки Ганҷаи Озарбойҷон бар асоси толлингӣ бо ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ аз ҷониби ТАЛКО дар соли 2018 ва минбаъд бар асоси шартҳои мутақобилан судманд ба Тоҷикистон фиристодани гилхок барои истеҳсоли алюминий низ тавофуқ ҳосил шуд», - гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки ҷонибҳо ҳамчунин механизмҳои қобили қабули нарху тарифгузории транзитиро ба маҳсулоти алюминий тариқи қаламрави Озарбойҷон барои эҳтиёҷоти ТАЛКО низ муайян карданд.