Сохтмони меҳмонхонаи панҷситорадори «Исмоили Сомонӣ», ки дар қисмати марказии шаҳри Душанбе аллакай муддати 11 сол идома дорад, боз аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) ва боҷи гумрукӣ озод карданд.

Дар қонуни қабулшуда аз ҷониби парлумон «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2018» дар ин робита қайд мешавад, ки фармоишгарон ва паймонкорони кулли масъул ба сохтмони меҳмонхонаи «Исмоили Сомонӣ» дар баробари муассисаҳои таълимӣ соли оянда зимни воридоти маҳсулот ба ҷумҳурӣ аз пардохти ААИ ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд.

«Воридоти бору маҳсулот аз ҷониби фармоишгарон ва паймонкорони кулл барои сохтмони иншооти мазкур аз пардохти ААИ ва боҷи гумрукӣ мувофиқи номгӯй ва ҳаҷми тасдиқшудаи ҳукумат озод мешавад», - зикр мегардад дар матни қонун.

Қобили зикр аст, ки воридкунандагони бору маҳсулот барои сохтмони меҳмонхонаи зикршуда қариб ҳар сол аз пардохти андозу боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд.

Ба сохтмони ин иншоот ширкати «Исмоили Сомонӣ - асри 21» машғул аст, ки роҳбариашро Раҳматулло Саъдуллоев, бародари раиси «Ориёнбонк» Ҳасан Асадуллозода бар дӯш дорад.

Маросими оғози бунёди меҳмонхонаи панҷситорадори 16-шёнаи «Исмоили Сомонӣ» дар маркази пойтахт санаи 15 марти соли 2006 бо иштироки Президенти Тоҷикистон доир гардид. Он замон буҷети умумии сохтмон 30 млн. доллар арзёбӣ шуда буд.

Сохтмони меҳмонхонаи «Исмоили Сомонӣ» дар хиёбони Рӯдакӣ дар майдони 1,5 гектар ҷараён дошта, дар он бунёди 350 ҳуҷраи масоҳати умумиаш 20 ҳазор метри мураббаъ дар назар аст.

Зимни суханронӣ дар маросими оғози сохтмони он Президенти Тоҷикистон изҳори бовар карда буд, ки корҳои сохтмони он дар муҳлати муқарраршуда - муддати 1,5 сол ба итмом расонида шуда, баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншоот 650 нафар, асосан занону духтарони ҷавон бо кор таъмин мешаванд.