Имсол Тоҷикистон ният дорад, ки ҳаҷми содироти барқ ба Афғонистонро ба андозаи 200 млн. кВт/соат афзуда, арзиши онро 3 фоиз боло барад.

«Байни ширкати «Барқи тоҷик» ва ширкати энергетикии афғонии Da Afghanistan Breshna Sherkat (DABS) ғайр аз созишномаи дарозмуҳлат оид ба интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистон, қарордоди иловагӣ ба имзо расид», - изҳор дошт муовини аввали раиси ширкати «Барқи тоҷик» Мадумар Асозода зимни нишасти хабарӣ.

Ӯ қайд кард, ки соли гузашта ба Афғонистон 1,3 млрд. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шуда, мувофиқи созишномаи баимзорасида барои соли 2018, соли равон ҳаҷми содироти барқи Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя то 1,5 млрд. кВт/соат зиёд мешавад.

Таъкид шуд, ки яке аз шартҳои созишномаи дарозмуҳлат, ки то соли 2029 пешбинӣ шудааст, ба андозаи 3 фоиз ҳамасола зиёдшавии тарифи интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистон аст.

«Бо назардошти ин шарт, имсол арзиши 1 кВт/соат нерӯи барқ барои Афғонистон 4,11 сентро ташкил хоҳад дод, ки ба фикрам нархи начандон бад аст», - илова кард вай.

Интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистон дар мавсими тобистон, замони дар Тоҷикистон барзиёд аз талабот истеҳсол шудани он сурат мегирад.

Айни замон интиқоли барқ ба кишвари ҳамсоя дар ҳаҷми начандон зиёд ба хотири коршоям нигоҳ доштани хатҳои интиқоли барқ амалӣ мешавад.

«Аз 1 октябри соли гузашта ба вилояти Кундузи Афғонистон ҳамагӣ то 50 мегаватт нерӯи барқ интиқол дода мешавад. Дар навбати аввал ин барои нигаҳдории коршоямии хатҳои интиқоли барқ анҷом мепазирад, чунки агар онҳо зери шиддати ҷараёни барқ қарор надошта бошанд, эҳтимоли дуздии онҳо имкон дорад. Ҷониби Афғонистон афзоиши ҳаҷми интиқолро дархост намуд, лекин мо ба онҳо фаҳмонидем, ки ин дархосташонро иҷро карда наметавонем», - гуфт зимни нишасти хабарии рӯзи 30 январ вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.