Тоҷикистон ба азхудкунии маблағҳои ҷалбшуда аз ҳисоби фурӯши вомбаргҳои давлатӣ барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун оғоз карда, тақрибан 65 млн. доллар аз ин маблағ аллакай сарф шудааст.

«Маблағгузории сохтмони нерӯгоҳи Роғун айни замон дар доираи талаботи иншоот аз ҳисоби буҷет ва воситаҳои аз хориҷа ҷалбшуда амалӣ шуда, дар ин масъала ҳеҷ мушкилие ҷой надорад», - хабар дод вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода.

Бино ба маълумоти ӯ, соли 2018 баҳри иҷрои корҳои сохтмонӣ 2 млрд. сомонӣ воситаҳои буҷетӣ равона мегарданд.

«Барои сохтмони нерӯгоҳ ҳамчунин қисмате аз воситаҳое, ки аз ҳисоби фурӯши вомбаргҳои давлатӣ дар бозорҳои байнулмилалли молӣ ба даст омаданд, низ равона мегардад. Ин коғаҳои қиматнок соли гузашта дар бозори хориҷӣ ба маблағи 530 млн. доллар фурӯхта шуданд», - қайд кард вазир.

Қаҳҳорзода изҳор дошт, ки то имрӯз тақрибан 65 млн. доллар аз ин маблағ аллакай истифода шудааст.

Дар ҳамин ҳол, воситаҳое, ки соли 2010 аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳои ҶСК «НБО Роғун» ба даст омаданд, пурра азхуд шудаанд.

Ба гуфтаи муовини аввали вазири молия Ҷамшед Каримзода, ин воситаҳо дар ҳаҷми 980 млн. сомонӣ ба харидории таҷҳизоти зарурӣ барои иншоот харҷ шудааст.

Қаҳҳорзода зикр кард, ки чанде пеш ҳамроҳ бо аъзои Шӯрои нозирони ҶСК «НБО Роғун» аз майдони сохтмони нерӯгоҳи оянда боздид кардааст.

«Корҳо дар доираи ҷадвали пешбинишуда ҷараён доранд. Бовар дорам, ки агрегати нахустини нерӯгоҳ дар муҳлати муқарррашуда ба кор медарояд», - илова кард вазир.

Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати аввали нерӯгоҳи барқи обии Роғун 16 ноябри соли равон доир мегардад. Дар ин бора санаи 1 феврал роҳбари ширкати итолиёвии Salini Impregilo Пиетро Салини ба Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо Сарвари давлат итминон дод. Ширкати мазкур аз моҳи октябри соли 2016 ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун машғул аст.

Ёдрас мекунем, ки барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун соли 2017 аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 4 млрд. 700 млн. сомонӣ масраф шуд. Соли 2017 дар ин самт харҷи қариб 5 млрд. сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст. Дар ин бора зимни пешниҳоди Паём ба парлумон санаи 22 декабри соли гузашта Эмомалӣ Раҳмон хабар дод.

Барои анҷоми сохтмони нерӯгоҳи Роғун тибқи маълумоти пешакӣ, дар маҷмӯъ наздики 4 млрд. сомонӣ маблағ зарур аст. Дар нерӯгоҳ насби 6 агрегати иқтидори ҳар кадоме 600 МВт ба нақша гирифта шудааст.

Сарбанди 335 метр гиливу хокии нерӯгоҳ баландтарин чунин сарбанд дар ҷаҳон хоҳад буд. Ин иншоот ҳамасола 17 млрд. кВт/соат нерӯи барқи истеҳсол мекунад, ки дар муқоиса бо иқтидори нерӯгоҳи Норак якуним баробар зиёдтар аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.