Ба тоҷирони тоҷик баҳри маблағгузории интиқоли молу маҳслуоти Ӯзбекистон ба бозорҳои Тоҷикистон аз БДА «Амонатбонк» ва «Бонки Эсхата» қарз дода мешавад.
Ин бонкҳо бо Бонки миллии Ӯзбекистон (Узнацбанк) ва бонки «Асака»-и ин кишвар дар бораи ҳамкорӣ созишномаҳо ба имзо расонида, дар онҳо ба маблағи умумии 2 млн. доллар кушодани аввалин хатҳои қарзӣ пешбинӣ мешавад.
Созишнома байни БДА «Амонатбонк» ва Бонки миллии Ӯзбекистон, ҳамчунин миёни «Бонки Эсхата» ва бонки «Асака» санаи 9 март дар доираи сафари президенти Ӯзбекистон ба Душанбе ба имзо расиданд.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз ҳукумати Тоҷикистон хабар доданд, дар ҳарду санад ҳам ифтитоҳи хатҳои қарзӣ ба маблағи 1 млн. долларӣ дар назар дошта шудааст.
«Дар доираи хатҳои қарзӣ маблағгузории муомилоти савдо оид ба интиқоли автомобилҳо, молу маҳслуоти текстил, масолеҳи сохтмон, маҳсулоти хӯрокворӣ, маишӣ, кимиёвӣ, кишоварзӣ ва электротехникӣ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон дар назар аст», - иброз дошт манбаъ.
Ин қарордодҳо миёни бонкҳо дар чаҳорчӯби Созишномаи баимзорасида байни давлатҳо дар бораи ҳамкории молиявӣ баста шудаанд. Маҳз дар ин қарордодҳо аз ҷониби бонкҳо кушода шудани хатҳои махсуси қарзӣ дар ҳаҷми 100 млн. доллар пешбинӣ шуда, бо ин воситаҳо интиқоли молу маҳсулот аз Ӯзбекистон ба бозорҳои Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 1 мая 2024 года
Как молодая певица из Таджикистана стремится покорить американскую аудиторию
Глава МИД Таджикистана напомнил Сергею Лаврову о союзническом дороворе между Таджикистаном и Россией
В Душанбе презентовали прямой авиарейс в Тбилиси
В Узбекистане мужчину приговорили к пяти годам тюрьмы за оскорбление президента страны в соцсетях
Половине крупных городов Китая угрожает затопление
Глава МИД России позвонил Сироджиддину Мухриддину
В «Худжанде» не платят зарплату: тренер Ходжаев держит ответ
Москва депортирует граждан Таджикистана. Мы встретили их в аэропорту Душанбе
В Казахстане опровергли информацию о привлечении граждан, осужденных в России, на войну в Украине
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста