Ширкати ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» ба реҷаи парвозҳо (навигатсия)-и мавсими зимистон гузашта, парвозҳо аз Тошканд ба Душанбе ва бозпас аз 29 октябр бо ҷадвали нав анҷом дода мешаванд: ду парвоз дар як ҳафта – рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе.

Рӯзҳои душанбе ҳавопаймои А320-и Ӯзбекистон соати 21:00 аз Тошканд парвоз ва соати 21:40 дақиқа ба Душанбе фуруд меояд. Ҳамин рӯз соати 23:15 аз Душанбе ба Тошканд парвоз сурат гирифта, ҳавопаймо соати 23:55 дақиқа ба Тошканд фуруд меояд, хабар дод ба “Азия-Плюс” Ориф Рӯзимуродов, намояндаи  Ширкати миллии ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» дар Тоҷикистон.

“Рӯзҳои панҷшанбе ҳавопаймо аз Тошканд соати 01:00 парвоз карда, соати 01:40 дақиқа ба Душанбе мерасад. Парвоз аз Душанбе ба Тошканд соати чори субҳ сурат мегирад”, - қайд кард номбурда.

Ба гуфтаи ӯ, тағйири ҷадвали парвозҳо ба фароҳам сохтани шароити мусоид ва қулай барои мусофирони транзитии Тоҷикистон вобаста аст, ки тариқи Тошканд ба самтҳои ИМА, кишварҳои Аврупо, Осиёи Чанубу Шарқӣ ва ҳамчунин шаҳрҳои кишварҳои узви ИДМ парвоз мекунанд.

То ин дам ширкати «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» ки аз моҳи апрели соли гузашта ба иҷрои парвозҳо бо хатсайри Тошканд – Душанбе – Тошканд шурӯъ намуда буд, дар як ҳафта рӯзи сешанбе як парвоз анҷом медод.

Айни замон байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бо хатсайрҳои Тошканд – Душанбе ҳавопаймоҳои «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» ва бо хатсайри Душанбе – Бухоро ҳавопаймоҳои ширкати “Сомон Эйр” парвоз мекунанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.