Фирдавс Толибзода, ки то дирӯз, 16-уми январи соли 2024, дар курсии муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон менишаст, бо фармони Президенти Тоҷикистон раиси ин ниҳоди танзимгари низоми бонкии кишвар таъин шуд.

Ӯ дар ин вазифа Ҳоким Холиқзодаро иваз кард. Холиқзода, ки аз 20-уми ноябри соли 2020 раиси Бонки миллии Тоҷикистон буд, 16-уми январ ба вазифаи муовини аввали сарвазири Тоҷикистон, курсие, ки беш аз як сол холӣ буд, таъин гардид.

Ҳамин тавр, Фирдавс Толибзода ҳаштумин роҳбари Бонки миллии Тоҷикистон дар замони истиқлол гардид.

Аммо ӯ барои расонаҳо шахси то андозае ноошно аст. То ҳол танҳо як маротиба нишасти матбуотии Бонки миллии Тоҷикистонро баргузор кардааст. Ҳеҷ куҷое мусоҳибаи ихтисосӣ ҳам надодааст. Аммо нафароне, ки раиси нави Бонки миллии Тоҷикистонро мешиносанд, аз ӯ чун “кадри худӣ, яъне тарбиятёфта дар Бонки миллии Тоҷикистон ва огоҳ аз нозукиҳои низоми бонкии кишвар” таъриф мекунанд.

Фирдавс Толибзода кист?

Толибзода Фирдавс Назримад 11-уми марти соли 1980 таваллуд шуда, баъди хатми мактаб, таҳсилоти олиро дар Донишгоҳи Шарқии Миёназамини Ҷумҳурии Туркии Кипри Шимолӣ дар бахши бонкдорӣ ва молия гирифтааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 2003 ба ҳайси иқтисодчии дараҷаи II дар Бонки миллии Тоҷикистон оғоз карда, баъдан ҳамчун иқтисодчии пешбари Идораи назорати бонкӣ ва иҷозатномадиҳии ин ниҳод кор кардааст.

Солҳои 2009-2010 дар магистратураи Институти миллии олӣ оид ба фанҳои сиёсии Ҷопон таҳсил карда, баъди хатми он, боз ба Бонки миллии Тоҷикистон баргаштааст.

Аз соли 2010 то соли 2015 ба ҳайси сариқтисодчӣ, сармутахассис, муовини сардор дар шуъбаҳои назорати ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ ва бозрасии дуввуми Департаменти назорати бонкии Бонки миллии Тоҷикистон кор карда, аз соли 2015 то соли 2020 муовини сардор, сардори Идораи таҳлил ва иҷозатномадиҳии Департаменти назорати бонкии Бонки миллии Тоҷикистон будааст.

Акс аз сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон

Аз соли 2020 то соли 2021 ҳамчун муовини директори Департаменти назорати бонкии Бонки миллии Тоҷикистон фаъолият карда, 18-уми январи соли 2021 аввал муовини раис ва 17-уми августи соли 2022 муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин гардидааст.

Ҳамин тавр, пас аз қариб якуним соли фаъолият дар ин маснад, 16-уми январи соли 2024 Фирдавс Толибзода раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин шуд.

Ӯ оиладор ва соҳиби 4 фарзанд буда, бо забонҳои англисӣ, русӣ ва туркӣ озодона суҳбат мекунад.

Се вазифаи муҳими раиси нав

Тавре дида мешавад, Фирдавс Толибзода ба қавле тамоми умр дар Бонки миллии Тоҷикистон, дар муҳимтарин масъулиятҳо кор кардааст. Махсусан Департаменти назорати бонкӣ, ки ӯ қариб 20 сол дар он идора кор кардааст, яке аз ниҳодҳои муҳим дар сохтори Бонки миллии Тоҷикистон буда, корманди он аз вазъи тамоми бонкҳо ва дар умум, ташкилотҳои қарзии молиявӣ огоҳ аст.

Бо назардошти ин, метавон гуфт, ки раиси тозатаъини Бонки миллии Тоҷикистон аз вазъи воқеии тамоми ташкилотҳои молиявии кишвар, ки давоми беш аз 20 сол ё иҷозаи фаъолият гирифтаанд ва ё иҷозатномаашонро тамдид кардаанд, хуб огоҳ аст. Ӯ мушкилу зарфияти онҳоро хуб медонад.

Ҳамчунин, Толибзода дар марҳилаҳои гуногуни рушду рукуди низоми бонкӣ дар ин бахш кор кардааст ва хуб медонад, ки чӣ омилҳо боиси рушд (то соли 2015) ва кадом сабабҳо боиси рукуди низом (баъд аз соли 2015) гардиданд.

Бо назардошти ин ҳама ва ҷавонии раиси нави Бонки миллии Тоҷикистон (ӯ 44-сола аст), иқтисоддонҳо ба се масъалаи муҳимми низоми бонкӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда, таъкид менамоянд, ки ҳалли мусбати онҳо ба низоми бонкии кишвар ва карераи минбаъдаи Толибзода таъсири ҷиддӣ хоҳад расонд.

Якум, баргардонидани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ, ки пас аз муфлисшавии чор бонки низомсози кишвар ва сарсонии амонатгузорону пасандозгузорон ҷиҳати боспас гирифтани маблағҳояшон, ба ҳадди хеле ҷиддӣ коҳиш ёфт.

Дуюм, мусоидат дар паст кардани фоизи қарзҳои бонкӣ барои истеъмолкунандагони хадамоти молиявии кишвар. Ин нукта аз ҷониби аксари роҳбарони собиқи Бонки миллии Тоҷикистон таъкид гардидааст, аммо дар воқеъ, фоизи қарзҳои бонкӣ дар Тоҷикистон яке аз баландтаринҳо дар минтақа ба ҳисоб меравад.

Сеюм, омода кардани низоми бонкии кишвар, яъне ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон ба рақобатпазирӣ бо бонкҳои пуриқтидори хориҷӣ. Ин нукта муҳим аст, зеро бо назардошти азми ифтитоҳи намояндагиҳои бонкҳо аз ҷониби кишварҳои Арабистони Саудӣ ва Туркия, ки ахиран сафирони ин кишварҳо эълон карданд, рақобат зиёд хоҳад шуд.

Дар баробари ин, фароҳам овардани шароити мусоид ба фаъолияти бонкҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон. Чун аз суҳбат бо кормандони бонкҳои хориҷии дар Тоҷикистон фаъолиятдошта ва фаъолияташонро қатъкарда (мисли бонки “Тиҷорат”-и Эрон ва “ХалиқБонк”-и Қазоқистон) маълум мешавад, ки на ҳамаи онҳо аз фазои мавҷуд қаноатманданд.

Ҳарчанд коршиносони иқтисодӣ мегӯянд, ҳалли мушкилоти низоми бонкии кишвар на ҳамеша аз роҳбари аввали он вобаста аст, аммо нафароне, ки раиси нави Бонки миллии Тоҷикистонро мешиносанд, таъкид мекунанд, ки ӯ ин зарфиятро дорад ва метавонад холисона барои рушди низоми бонкии кишвар хидмат кунад.

Ба ҳар сурат, ҳоло барои қазоват кардан барвақт аст ва вақт нишон хоҳад дод, ки Фирдавс Толибзода то куҷо муваффақ хоҳад шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.