Дар ҷаласаи 17-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Эрон, ки рӯзҳои 5-6 май дар шаҳри Шерози Эрон баргузор мешавад, масоили афзоиши ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни кишварҳо ва густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад. Дар ҳошияи ин чорабинӣ ҳамчунин Ҳамоиши сармоягузорӣ ва соҳибкории ҳарду ҷониб доир гардид.
Тавре ки Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идора амволи давлатии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои ҳарду кишвар ва намояндагони бахши хусусии Тоҷикистону Эрон гирдиҳам омаданд.
Дар ҷаласа ҷонибҳо оид ба имконоти рушду ҳамкориҳо дар соҳаҳои саноат ва истихроҷи канданиҳои фоиданок, сармоягузорӣ, нақлиёт, молия ва кори бонкӣ, гумрук, бахшҳои маориф, тандурустӣ, таъминот бо об, энергетика, бахши кишоварзӣ ва дигар самтҳо табодули назар мекунанд.
Зимни суханронӣ дар форум муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Фаррух Юсуфзода таъкид дошт, ки Тоҷикистон ҷиҳати беҳбуди муҳити сармоягузорӣ, рушди бахши хусусӣ ва дастгирии соҳибкорӣ фаъолона ислоҳот роҳандозӣ мекунад.
Зикр шуд, ки ислоҳоти мазкур барои соҳибкорону сармоягузорон як қатор имтиёзу сабукиҳои андозиву гумрукӣ, кафолатҳои қонунӣ ва бартариятҳои соҳавиро пешбинӣ менамояд.

Дар ин робита аз соҳибкорону сармоягузорони эронӣ даъват ба амал оварда шуд, ки дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ намуда, аз ин имтиёзҳо баҳравар гарданд ва барои густариши ҳамкориҳо саҳмгузор бошанд.
Шероз ва Душанберо хатсайри нави ҳавоӣ мепайвандад?
Раиси вилояти Форс Ҳусейналӣ Амирӣ иброз доштааст, ки тайи солҳои ахир муносибатҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ байни Эрон ва Тоҷикистон босуръат дар ҳоли рушд мебошанд.
Ӯ зикр кардааст, ки Шероз дар соҳаҳои сайёҳии тиббӣ ва фарҳангӣ аз имконоти зиёд бархӯрдор аст. Айни замон теъдоди зиёди тоҷикон барои табобат ба Шероз омада, ҳамзамон аз маконҳои таърихӣ ва фарҳангии шаҳр, ки мероси ягонаи умумии мардуми форсзабонанд, боздид мекунанд. Дар ҳамин ҳол, то ҳол байни шаҳри Душанбе ва Шероз хатсайри мустақими ҳавоӣ амал намекунад.

“Ифтитоҳи хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ миёни Шероз ва Душанбе ба рушди сайёҳӣ ва таҳкими робитаҳои иқтисодӣ миёни вилояти Форс ва Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард. Мо ба роҳандозии сайру саёҳатҳои гуногуни сайёҳӣ ва ҳамкориҳо дар ин самт омодаем”, - таъкид доштааст Амирӣ.
Афзалият ба тиҷорату сайёҳӣ
Раиси шуъбаи байнулмилалии Вазорати энергетикаи Эрон Муҳаммадвалӣ Аловуддинӣ хотиррасон намуд, ки ҳарду кишвар ният доранд ҳаҷми гардиши молу маҳсулоти дуҷонибаро то 500 млн доллар расонанд.
Аловуддинӣ таъкид доштааст, ки Эрон дар соҳаҳое чун таъминот бо об (обрасонӣ), электроэнергетка, роҳ, нафту газ, кимиё, технолггияҳо ва бахши тандурустӣ имконоти зиёд дошта, ин самтҳо метавонанд барои густариши ҳамкориҳо истифода шаванд.
“Аксари тоҷикон ба Шероз ва дигар шаҳрҳои Эрон барои муолиҷа меоянд, - изҳор дошт. Яке аз ҳадафҳо ифтитоҳи хатсайри мустақими ҳавоӣ байни шаҳрҳои Шероз ва Душанбе аст. Дар ин бора тавофуқҳои дахлдор ҳосил шуда, акнун бахши хусусиро лозим аст, ки ба корҳои роҳандозии хатсайр ҳамроҳ шаванд, то ки сафи табодули мусофирону сайёҳон ва соҳибкорон зиёд шавад”,- ӯ.
Қобили зикр аст, ки ҷаласа таҳти ҳамрасии вазирони энергетикаи Тоҷикистону Эрон Далер Ҷумъа ва Аббос Алиободӣ доир гардида, дар байни 25 соҳибкори тоҷик ва зиёда аз 30 соҳибкори эронӣ дидору гуфтушунидҳо баргузор мешаванд. Аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласа имзои як қатор санадҳои ҳамкории дуҷониба дар назар аст.
Дар чаҳорчӯби ҷаласа ҳамчунин намоишгоҳи молу маҳсулоти ҳарду кишвар ҷараён дорад. Ғайр аз ин, меҳмонон аз як қатор корхона ва иншооти саноатии вилояти Форс ва маконҳои таърихии шаҳри Шероз боздид хоҳанд кард.
Дар соли 2024 ҳаҷми савдои дуҷониба байни Тоҷикистону ва Эрон 377,7 млн долларро ташкил дод, ки 123,2 млн доллар ё худ 48,4% зиёдтар нисбат ба соли 2023 аст. Дар зарфи 3 моҳи аввали соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни кишварҳо ба 110,6 млн доллар баробар шудааст, ки 33,2 млн доллар ё худ 42,9% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад.






От запретов в России до энерголимита. ТОП-15 самых читаемых материалов «Азия-Плюс» за 2025 год
Как в условиях Таджикистана питаться правильно, чтобы не нагружать организм. И чтобы было недорого
В Таджикистане выросла плата за государственные детские сады
На юге Таджикистана задержан мужчина по подозрению в убийстве бывшей жены
Россия за 11 месяцев 2025 года выдворила более 54 тысяч мигрантов
Новые и очень важные фильмы Центральной Азии в 2025 году
Из Германии в Таджикистан депортирован 21-летний мужчина, подозреваемый в подготовке нападения
На таджикско-узбекской границе построят новый логистический центр
Лидер таджикской диаспоры в Пермском крае лишён гражданства РФ и выдворен из страны
Главные тренды 2025 года в Таджикистане: от Рогуна до миграции
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста