Давоми ду рӯз дар дарёҳои Тоҷикистон ду наврас - писарони 10 ва 14 сола ғарқ шуда, ҷасади яке аз онҳо то ҳол дарёфт нашудааст.

Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар ин робита менависад,  рӯзи 3 июн сокини ҷамоати ноҳияи Вахш навраси 14-сола ҳангоми оббозӣ дар дарёи Вахш ғарқ шудааст.

Гуфта мешавад, рӯзи 5 июн писарбачаи 10-солаи сокини ҷамоати деҳоти Сабои ноҳияи Шаҳринав ҳангоми оббозӣ дар дарёи Душанбе аз беэҳтиётии худ ғарқ шуда, барои дарёфти ҷасади ноболиғ чорабиниҳои ҷустуҷӯӣ идома доранд.

Бино ба маълумоти ВКД Тоҷикистон, тӯли 5 моҳи соли равон дар дарёву кӯл ва обанбору дигар ҷойҳой оббозиву шиноварии кишвар 36 нафар ноболиғон ба ҳалокат расидаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.