Борони зиёд шоми 26-уми июн дар деҳаи Амондараи Панҷакент сабаби зери лой ва гили ғализ мондани 10 хона шуд, вале хушбахтона касе дар ин фалокат осеб надидааст.
Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, дар ин русто маҷрои гили ғафс ҷорӣ шуда, девори хонаҳо ҳам то ним зери гил мондаанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон хабар додааст, ки дар умум 6 хона зери гил мондааст ва 10 хона осеб дидааст. Оби сел қисмате аз дарғоти селгузарро вайрон кардааст ва дар натиҷа киштзорҳои мардум ва чанд роҳи байни рустоҳо дар ҷамоати Амондараро вайрон кардааст.
Айни замон дар маҳалли ҳодиса кумисюни Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода кор мекунад ва ҳаҷми хисороти расида муайян мешавад. Дар баёнияи расмии кумита омадааст, ки мардуми рустои осебдидаро ба ҷойи амн бурдаанд ва ба онҳо кумакҳои аввалия ба мисли ғизо ва доруворӣ тақсим мекунанд.