Воқеа шоми рӯзи якшанбе рух дод: хонандаи мактаб донишҷӯро пахш карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб зад.
Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, 11 феврал тақрибан соати 23:30 дақиқа бо вақти маҳаллӣ дар кӯчаи Синои пойтахт садамаи нақлиёт ба амал омад.
«Автомашинаи тамғаи «Лексус RХ-330» таҳти идораи ноболиғ Ҳадятуллоҳ Сайдалиев (с/т 2001) роҳгузари 19-сола, донишҷӯи соли 1-уми Коллеҷи кӯҳии металлургӣ Сомонӣ Қурбоновро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад», - омадааст дар маълумот.
Гуфта мешавад, дар натиҷа пиёдагард Сомонӣ Қурбонов ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.
Қайд мешавад, ки дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ маълум шудааст, ки ронандаи автомашина Ҳадятуллоҳ Сайдалиев хонандаи синфи 9-уми яке аз мактабҳои пойтахт мебошад ва автомашинаи таҳти идораи ӯ қарордошта ба падараш Абдулҳамид Сайдалиев тааллуқ дорад.
Зимнан зикр мегардад, ки Ҳадятуллоҳ Сайдалиев ба гумони содир намудани ҷинояти мазкур дастгир карда шуда, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Как молодая певица из Таджикистана стремится покорить американскую аудиторию
Глава МИД Таджикистана напомнил Сергею Лаврову о союзническом дороворе между Таджикистаном и Россией
В Душанбе презентовали прямой авиарейс в Тбилиси
В Узбекистане мужчину приговорили к пяти годам тюрьмы за оскорбление президента страны в соцсетях
Половине крупных городов Китая угрожает затопление
Глава МИД России позвонил Сироджиддину Мухриддину
В «Худжанде» не платят зарплату: тренер Ходжаев держит ответ
Москва депортирует граждан Таджикистана. Мы встретили их в аэропорту Душанбе
В Казахстане опровергли информацию о привлечении граждан, осужденных в России, на войну в Украине
«Алифу» - 10 лет: мечта компании, принёсшая много перемен
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста