Бар асари садамаи нақлиёт, ки нимаи рӯзи 3 сентябр дар роҳи мошингарди Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ рух дод, 4 нафар ҳалок ва 4 каси дигар бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ шуданд.
Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Ландкрузер” Карим Маскинови 18-сола (сокини шаҳри Хоруғ) ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ноҳияи Ш.Шоҳин аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ мебарояд ва ба автомашинаи тамғаи “Нисан-Патрул” таҳти идораи Тоҳир Лутфуллоеви 48-сола (сокини шаҳри Хоруғ) бармехӯрад.
“Дар натиҷа мусофирони автомашинаи тамғаи “Тайота-Ландкрузер” Фазилат Раҳматхудоеваи 31-сола (сокини ноҳияи Роштқалъа), Мирсобит Обидови 65-сола (сокини шаҳри Истаравшан) ва мусофирони автомашинаи “Нисан-Патрул” Одил Маликшоеви 59-сола ва Сайф Саидманзарови 58-сола (ҳарду сокинони ноҳияи Шуғнон) аз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонии бардоштаашон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд”, - қайд мешавад дар маълумоти ВКД.
Гуфта мешавад, боз 4 мусофири дигари ин автомашинаҳо – Ситора Мирзошоеваи 31-сола, Раҳматшо Саидмуҳаммадови 33-сола, Рамзия Ёрмаҳмадоваи 21-сола ва Маҳбуба Ғуломасеноваи 7-сола бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар бемористон бистарӣ шудаанд.
Бино ба маълумоти Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон, нимсолаи аввали соли равон дар роҳҳои ҷумҳурӣ беш аз 600 ҳдисаҳои садамаи нақлиёт рух дода, бар асари онҳо беш аз 170 нафар ҳалок ва 534 кас ҷароҳат бардоштаанд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 2 мая 2024 года
Как встречали 1 мая в советском Душанбе
Хотите заняться социальным предпринимательством, но не знаете, как правильно это сделать?
В Таджикистане выросло поголовье крупного рогатого скота
Подарки от «Кока-Кола»: первых участников акции наградили призами
План весеннего призыва в Таджикистане выполнен на 70%
В Душанбе пройдёт международная выставка-ярмарка отечественных производителей
Журналисту, дипломату, ученой Халиме Хушкадамовой - 70 лет
Будущее Таджикистана: как умные города и лидерство помогут развитию страны
Центры тестирования в России перестали принимать экзамены у мигрантов. Где и как теперь их нужно сдавать?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста