Дар пайи сарозер шудани як мошин бо ронанда ва 6 мусофир ба дарёи Панҷ, 5 сафаркунанда ғарқ шудаанд. Ронанда ва як мусофири дигар то чапа шудани мошин, худро аз он ба берун партофта, наҷот ёфтаанд.
Вазорати корҳои дохилӣ гуфтааст, ки ин ҳодиса бегоҳии 20-уми май дар километри 417-и шоҳроҳи “Қулма-Хоруғ-Дарвоз-Кӯлоб” дар деҳаи Вишхарви ноҳияи Дарвоз рух додааст.
Ба гуфтаи мақомот, Ҳаким Гулзоров, ронандаи мошини “Тойота Ландкрузер” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, "ба тарафи чапи роҳ ҳаракат карда ба дарёи Панҷ чаппа шудааст".
Ба иттилои манбаъ ронанда ва як мусофири дигар худро аз мошин ба берун партофта наҷот ёфтаанд. Ҳарду дар беморхона қарор доранд. Дар бораи вазъи саломатии онҳо маълумот дода нашудааст.
Панҷ мусофири дигар дар дарёи Панҷ ғарқ шудаанд ва то ҳол ҷасади онҳо ёфт нашудааст. Дар миёни ғарқшудагон се ноболиғони 1, 9 ва 10 сола низ ҳастанд.
Мақомот гуфтаанд, ки Ашула Почоева, зани 54-сола ҳамроҳи набераи яксолааш Муиз Маҷнунов, Мадина Афзалхонова зани 33-сола ҳамроҳи писараш Нуралишо Айналишоеви 10-сола ва Акрам Саркорови 9-сола ғарқ шудаанд.
Ба навиштаи манбаъ ҷустуҷуи ҷасадҳо идома дорад.
Мақомот гуфтаанд, ки ронанда ва мусофирон сокинони Хоруғ будаанд, ки ба самти Душанбе ҳаракат доштаанд.
Дар як ҳафтаи охир ин дуввумин ҳодисаи сарозер шудани мошин ба дарёи Панҷ аст. Рӯзи 17-уми май як мошини боркаш ба дарёи Панҷ афтода, ронандааш, ки гуфта мешуд сокини шаҳри Душанбе аст, ба ҳалокат расид. Ӯ соҳиби ду фарзанд будааст.
Гуфта мешуд, ки талоши наҷотдиҳандагон барои ёфтани мошин ва ронандаи он бенатиҷа будааст. Мақомот то имрӯз аз ёфт шудани ҷасади ин ронанда хабар надодаанд.





Лимоны Таджикистана: ароматный вклад в экономику страны
США сместили Мадуро: венесуэльский президент оказался в руках американских военных
ТОП-15 самых читаемых новостей «Азия-Плюс» за 2025 год
2025 год как точка опоры: как таджикское дзюдо перешло от отдельных успехов к системному росту
Что ждет мигрантов в России в 2026 году?
Озода Рахмон оказала помощь матери Кобилджона Алиева в размере 300 тысяч сомони
Год в поиске: что чаще всего гуглили таджикистанцы в 2025 году?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 3 января 2026 года
Трагедия в Одинцово, итоги года от президента и тяжелые утраты: главные события декабря по версии «Азия-Плюс»
7 душевнх историй «Азия-Плюс» в 2025 году, которые дают надежду
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста