Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон нисбати собиқ сардори Раёсати сохтмони асосӣ (УКС)-и мақомоти шаҳрдории Душанбе Саидшариф Анваров ва 6 нафар ҳаммаслакони ӯ мутобиқи моддаи 320 Кодекси ҷиноии ҶТ (Додани пора) парвандаи ҷиноӣ боз намуд.

Бино ба маълумоти Агентии мазкур, ҳамроҳ бо Анваров раис ва муовини раиси "Тоҷикколхозсохтмон" - Фазлиддин Маҳмудов ва Фирӯз Раҳмонов,  роҳбарони корхонаҳои "Жилестрой" - Тоҳирҷон Тағоев, ПМК-278 - Олим Саидов, "Хонасоз-4" - Тоҳирҷон Мирзоҷонов ва "Саманд 2010" - Қосим Фатҳуллозода низ боздошт шудаанд.

Гуфта мешавад, боздоштшудагон ба азхудкуниву исрофкорӣ ва изофанависӣ дар сохтмони Маркази тиббии «Пойтахт-90» айбдор карда мешаванд.

Яке аз айбдоршавандагон - Фирӯз Раҳмонов нимаи моҳи ноябр ҳангоми кӯшиши додани пора ба корманди Агентии зиддифасод дар ҳаҷми 448 ҳазору 700 доллари ИМА аз номи шахсони дар боло зикршуда боздошт гардидааст.

Бино ба иттилои як манбаъи «Азия-Плюс» дар мақомоти шаҳрдории пойтахт, барои сохтмони Маркази тиббии «Пойтахт-90» аз буҷети пойтахт беш аз 500 млн. сомонӣ ва барои харидории таҷҳизоти он - ҳудуди 44 млн. сомонӣ ҷудо шудааст.

Маркази тиббии «Пойтахт-90» дар паҳлӯи Маркази ҷумҳуриявии ташхис аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе сохта шуда истодааст. Марказ аз 38 иншоот, аз ҷумла бемористон бо 650 кат, дармонгоҳ барои қабули 800 беморон дар як баст ва ғайра иборат аст. Мавриди баҳрабардорӣ қарор додани марказ ахири соли равон дар назар аст.