Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти маҳбусе, ки чанд рӯз қабл аз зиндони низомаш шадиди №3-и шаҳри Хуҷанд фирор карда буд, хабар дод.

«Санаи 26 ноябри соли 2016, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят, маҳкумшуда Амонуллохон Носириро, ки аз муассисаи ислоҳии шаҳри Хуҷанд фирор намуда буд, дастгир намуданд», - омадааст дар хабари маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, маҳкумшуда Носирӣ Амонуллохон рӯзи 24-уми ноябри соли 2016, аз муассисаи ислоҳии №3/3 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми адои ҷазо фирор намуда, баъди ду рӯзи ғайриқонунӣ дар озодӣ қарор доштанаш, номбурда дар ҳудуди деҳаи Чилгазии шаҳри Исфара дастгир ва ба муассисаи ислоҳӣ баргардонида шуд.

Зикр мегардад, ки маҳбус Амонуллохон Носирӣ, соли таваллудаш 1990, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи шаҳри Исфара, ҷамоати деҳоти Навгилем, деҳаи Шуртанг буда, солҳои гуногун  се маротиба суд шудааст.

Нисбати ӯ соли 2005 мутобиқи талаботи моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳукми суди шаҳри Хуҷанд ҷазо дар намуди 120 соат корҳои ҳатмӣ, соли 2009 бо моддаи 244 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳукми суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 8 солу 6 моҳ ва санаи 04.07.с.2013, барои содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дар асоси талаботи моддаи 248 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳукми суди шаҳри Исфара ба мӯҳлати 11 сол маҳрум кардан аз озодӣ ҷазо таъин карда шудааст.