Дар минтақаи шимоли Тоҷикистон кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба гумони даст доштан дар ҷалби одамон ба истисмор зани 24-солаи ноҳияи Зафаробод боздошт шуд.

«Муайян гардид, ки гумонбаршуда моҳи майи соли 2016 дар ҳудуди шаҳри Бӯстон ба боварии зани 27-солаи сокини шаҳри Бӯстон даромада, бо ваъдаи бо ҷойи кор таъмин намудан ӯро ба шаҳри Истанбули давлати Туркия даъват кардааст», - хабар медиҳад доир ба ин ҳодиса дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, сипас, аз ҳисоби худ ба ӯ чиптаи ҳавопаймо харидорӣ намуда, 27-уми майи соли 2016, ӯро дар шаҳри Истанбул пешвоз гирифта, дар хонаи истиқоматии шиносаш ҷой намудааст.

«Зани гумонбаршуда шиносномаи хориҷии ҷабрдидаро гирифта, охиронро ба танфурӯшӣ ҷалб намудааст», - қайд мешавад дар хабар.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.