Тӯли 6 моҳи соли равон дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 230 ҷинояти дорои тамоили террористӣ ва ифротгароӣ (ҳамин давраи соли гузашта - 330 чунин ҷиноят) ба қайд гирифта шудааст.

Прокурори вилояти Суғд Ҳабибулло Воҳидов зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки дар ин давра нисбати 248 нафар сокинони вилоят 178 парвандаи ҷиноии марбут ба чунин ҷиноятҳо мавриди тафтиш қарор гирифта, 67 парвандаи ҷиноӣ нисбати 97 нафар ҷиҳати баррасӣ ба суд ирсол шудааст.

Ҳабибулло Воҳидов ҳамчунин зикр кард, ки дар муассисаҳои таълимии динии кишварҳои хориҷӣ 715 нафар сокинони вилоят таҳсили илм карда, имрӯз аз ин шумор ҳамагӣ 52 нафар боқӣ мондаанд, ки ба таҳсилашон идома медиҳанд.

«Як сокини вилоят аз ноҳияи Ашт, ки дар амалиёти ҷангӣ дар дигар кишварҳо иштирок дошт, ба ватан баргардонида шуд, - иброз дошт прокурор. - Соли гузашта 5 нафар баргардонида шуда буданд».