Дар Душанбе баррасии парвандаи ҷиноӣ аз рӯи далели муноқиша ва қатли ду наврас, ки моҳи январи соли равон содир шуда буд, ба итмом расид. Аз рӯи ин парванда 15 нафар наврасону ҷавонон ба маҳкама кашида шуда, танҳо ду нафарашон ба синни балоғат расида буданд.

Тавре раиси мурофиаи мазкур судя Диловар Сафарзода хабар дод, Фирӯз Додарбеков мутобиқи ду моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ - 110 (қасдан зарари вазнини ҷисмонӣ расонидан ба саломатӣ) ва 237 (авбошӣ) гунаҳкор эътироф гардида, ба 19 соли зиндон ва аз рӯи моддаи «авбошӣ» Фаридун Наҷмиддинов ба 3,5 соли зиндон маҳкум шудаанд, ки синни ҳарду аз 18-сола боло аст.

Ёдрас мекунем, ки моҳи январи соли 2017 назди кафе-интернет дар маҳаллаи 104-уми пойтахт миёни наврасон муноқишаву занозанӣ рух дода, дар натиҷа Иброҳим Хоҷаеви 19-сола ва Сомон Шарифови 18-сола ба ҳалокат расиданд. Баъди ин ҳодиса беш аз 20 нафар, аз ҷумла толибилмони мктабҳои миёна низ боздошт шуданд.

«Ду ҷавоне, ки дар куштори Иброҳим Хоҷаев ва Сомон Шарифов гунаҳкор дониста шуданд, ба 10 ва 12 соли зиндон маҳкум шуданд. Суд номи маҳкумшудаҳоро ба хотири ноболиғ буданашон ошкор намекунад. Ҳамчун ноболиғ ба онҳо барои куштор ҷазои вазнинтарин ба ин синну сол дода шуд», - гуфтанд дар суди шаҳр.

Боз се нафар наврасони иштирокчии муноқиша ба 5 соли зиндон дар муассисаи ислоҳӣ барои ноболиғон маҳкум шуда, қаблан боз ду навраси дигар низ ба ҳамин муҳлат аз озодӣ маҳрум карда шуданд.

Боқимонда 6 нафар иштирокчии муноқишаву занозанӣ ҳар кадоме ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд.