Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд кормандони милитсияи маҳаллӣ ба хонаи як зан омада, аз ӯ талаб кардаанд, ки фавран ҳиҷобашро аз бар кашад. Зан инро рад карда, барои ин ӯро ба шуъбаи милитсия мебаранд. Маълумот дар ин бора тариқи почта субҳи имрӯз ба идораи «Азия-Плюс» расида, мо дарҳол ба рақами телефони зикршудаи ин зан дар тамос шудем.

Ин замон зани боздоштшуда дар шуъбаи милитсия баёнот менавишт. Мо дархост кардем, кки гӯшаки телефонро кормандони шуъба бигиранд. Як корманди ҷавони милитсия изҳор дошт, ки ҳеҷ касе ба хонаи ин зан нарафта, чизе ҳам талаб накардааст. Сипас тамос қатъ шуд. Айни замон бо ин рақам касе ҷавоб намедиҳад.

Дар ҳамин ҳол, дар номаи унвонии идора воридшуда хабар дода мешавад, ки ба хонаи ин зан, ки бо писараш зиндагӣ мекунад, «намояндагони ШВКД-и маҳаллӣ (2 нафар) ва ду зан зада даромада», талаб кардаанд, ки зан таъҷилӣ ҳиҷоашро кашад, «вагарна онҳо кормандони милитсияро даъват намуда, ӯро ба шуъба мебаранд». Дар нома ба кадом шуъба бурдани зан мушаххас зикр нашудааст.

Дар идомаи нома қайд шуда буд, ки зан дарҳол ба хати фаъоли ВКД бо телефони 221-21-21 занг зада, ба ӯ тавсия додаанд, ки ба хати фаъоли Раёсати ВКД дар вилояти Суғд бо рақами 6-22-22 тамос бигирад.

«Аз он ҷо посух доданд, ки пӯшидани ҳиҷоб манъ аст. Боадабона посух доданд, вале ҳақиқат он аст, ки навбатдор аз манъ будан оғоз кард. Вақте ман аз тағйироти нав ҳарф задам, навбатдор тасдиқ намуд, ки аз хати фаъоли Душанбе занг задаанд, вале бояд бо раҳбарият маслиҳат кунад, чунки ба онҳо фармон аз боло аст. Ба адвокат занг задам ва ӯ тавсия дод, ки ба хатти фаъол муроҷиат кунам», - зикр гардидааст дар нома.

Барои шарҳ ба ВКД Тоҷикистон муроҷиат карда, сухангӯи ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ иттилоъ дод, ки ҷиҳати таҳқиқи ин ҳодиса тадбирҳо роҳандозӣ мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки мувофиқи тағйироту иловаҳои охири моҳи август қабулшуда ба қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, барои пӯшидани сатр ё ҳиҷоб ҳатто ҷарима пешбинӣ нашудааст.

Як манбаи «Азия-Плюс» дар Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ қаблан ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор дошта буд, ки «агар бонувони ҳиҷобпӯшро касе ҷарима карданӣ бошад ё аллакай ҷарима кардааст, онҳо метавонанд бо ариза ба мақомоти прокуратура муроҷиат кунанд ва ҳамроҳи ариза нусхаи санади ҷаримаро пешниҳод намоянд.

«Азия-Плюс» қазияро пайгирӣ мекунад.