Низомхон Ҷӯраев, собиқ вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, раиси пешини корхонаи кимиёи Исфара ва яке аз тоҷирони сарватманд, ки тақрибан 4 соли пеш ба таври мармуз аз Тоҷикистон “ғайб” зад, дар Украина пайдо шуд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ин тоҷири тоҷикро аввали моҳи январ дар ноҳияи Борисполи вилояти Киев дастгир кардаанд.

Наталя Теличко, намояндаи расмии Додситонии кулли Украина, гуфтааст, "боздошти Низомхон Ҷӯраев рӯзи 11-уми январи имсол ба далели таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ буданаш сурат гирифт. Рӯзи 13-уми январ Додгоҳи ноҳияи Борисполи вилояти Киев қарори боздошти Низомхон Ҷӯраевро рад кард ва ӯро раҳо намуд".

Мақомоти Додситонии кулли Украина тасдиқ карданд, ки дар ин муддат аз ҳамтоёни тоҷики худ барои истирдоди Низомхон Ҷӯраев ба Тоҷикистон дархост гирифтанд. Вале Наталя Теличко дар бораи инки феълан Ҷӯраев дар куҷост ва оё Додситонии кулли Украина ба дархости истирдоди ӯ ба Тоҷикистон чӣ посух хоҳад гуфт, тафсилоте надод.

Ҷниби Тоҷикистон низ то ба ҳол дар бораи пайдо шудани Низомхон Ҷӯраев дар Украина шарҳе надодааст. Аммо баъзе аз манобеи огоҳ аз қазия ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Низомхон Ҷӯраев гӯё ҳангоми муроҷиат барои дарёфти шиносномаи Украина боздошт шудааст. Ин мусоҳиб гуфтааст, "баъд аз муроҷиати Низомхон Ҷӯраев мақомоти Украина ҳамтоёни тоҷики худро дар бораи ҳузури ӯ дар он кишвар огоҳ кардаанд. Мақомоти Тоҷикистон дархост фиристодаанд, ки ӯ бояд ба Тоҷикистон истирдод шавад ва ба суоли мақомот ҷавоб бигӯяд".

Низомхон Ҷӯраев тобистони соли 2014, дар ҳоле ки таҳти назорати маъмурони Оҷонси зиддифасоди Тоҷикистон буд ва бояд ба суоли додрасҳои Додгоҳи олӣ посух мегуфт, ба таври мармуз "ғайб зад".

Қобили зикр аст, ки санаи 23-юми июни соли 2014 Суди олии Тоҷикистон таъинот содир намуд, ки мутобиқи он, Низомхон Ҷӯраев  мавриди ҷустуҷӯ  эълон шуд.

Ёдрас мекунем, ки Низомхон Ҷӯраев соли 2007 баъди нисбаташ оғоз гардидани якчанд парванда оид ба ҷиноятҳои иқтисодӣ пинҳон шуд. Моҳи августи соли 2010 ӯ дар шаҳри Маскав бо дархости Тоҷикистон дар бораи истирдод боздошт гардид, аммо ҳимоягарони ӯ ба Суди Аврпупо муроҷиат карда, ин суд минбаъд ба Русия истирдоди Ҷӯраев ба Тоҷикистонро манъ намуд.

Моҳи марти соли 2012 ӯ аз тавқифгоҳи муваққатии вилояти Маскав озод шуда, аввали моҳи апрел дар Тоҷикистон пайдо шуд. То пайдо шудан дар Душанбе ӯ аз рӯи якчанд модда, аз ҷумла дуздии воситаҳои давлатӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд ва ташкили гурӯҳи ҷиноятпеша айбдор карда мешуд. Баъдтар роҳбари Агентии зиддифасоди Тоҷикистон Фаттоҳ Саидов изҳор кард, ки ба Ҷӯраев дар содир шудани ҷиноятҳои иқтисодӣ айбнома пешниҳод шудааст.

Санаи 7-уми апрели соли 2012 дар шабакаи телевизионии «Ҷаҳоннамо» суханронии Ҷӯраев ба намоиш гузошта шуд. Дар суханронии худ Ҷӯраев гуфт, ба хотири модари 79-солааш ихтиёрӣ ба ватан баргаштааст. Ӯ иброз дошт, ки дар ватан будан беҳтар аст. Бо шарти тарк накардани маҳалли сукунат, Агентии зиддифасод то анҷоми мурофиаи судӣ оид ба ин парванда ӯро озод карда буд.