Суди олии Тоҷикистон ояндаи наздик, эҳтимол охири ҳамин ҳафта ё аввали ҳафтаи оянда ба баррасии парвандаи роҳбари ширкати «Умед-88» Раҷабалӣ Одинаев оғоз кунад, хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз бахши мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҳукумати ҷумҳурӣ.
Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзҳои 20 май парвандаро ба баррасии суд фиристода буд.
Ба иттилои манбаъ, мурофиаи судӣ оид ба баррасии парвандаи роҳбарони ширкати «Умед-88» пушти дарҳои пӯшида мегузарад, зеро ба он муҳри махфӣ гузошта шудааст, вале бо кадом асос чунин муҳр гузоштанро шарҳ надод.
Раҷабалӣ Одинаев санаи 14 октябри соли 2017 баъди суханронии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо соҳибкорон боздошт шуд.
Нисбати Одинаев мутобиқи моддаҳои 247 (қаллобӣ), 289 (қочоқ), 292 (саркашӣ аз пардохти андоз ва 340 (сохтакории ҳуҷҷатҳо)-и Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Зимни суханронӣ рӯзи 14 октябр дар вохӯрӣ бо соҳибкорон Президенти Тоҷикистон изҳор намуд, ки ширкати «Умед-88» воситаҳои зиёди буҷетро харҷ карда, муддати 4 сол аст, ки ба давлат барнамегардонад. Амали кормандони Вазорати молияро, ки ин маблағҳоро додаанд, Сарвари давлат «бемасъулиятӣ» хонда, дастур дод, ки гунаҳкорон муҷозот шаванд.
Ширкати «Умед-88» муддати беш аз 20 сол бо воридот ва фурӯши чаканаи маҳсулоти нафтӣ дар Тоҷикистон машғул аст. Бензин ва сӯзишвории дизелиро ширкат асосан аз Русия ва Қазоқистон ворид намуда, сипас онро барои фурӯш ба зиёда аз 70 нуқтаи фурӯши сӯзишвории ширкат дар саросари ҷумҳурӣ тақсим мекард.
То соли гузашта «Умед-88» дар қатори ширкатҳои «Газпромнефт-Тоҷикистон», «Тоҷик Петролиум» ва «Аурум Спика» дар рӯйхати субъектҳои хоҷагидорие қарор дошт, ки дар бозори сӯзишвории кишвар мавқеи афзалиятнок доштанд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 7 июня 2024 года
Чем летом можно отравиться в Таджикистане и как себя обезопасить. Советы врача-инфекциониста
Власти Казахстана заинтересовались доходами местных блогеров
Афиша от «Азия-Плюс»: Kids Fashion Day, матч Таджикистан-Пакистан и K-pop – фестиваль
Суд над Трампом в Джорджии отложен на многие месяцы
В Балтийском море начались крупнейшие учения НАТО Baltops 24
Почему Арал – трагедия и Таджикистана и всего земного шара?
Разминирование, как Национальная цель устойчивого развития. Опыт Азербайджана
Таджикская сельхозпродукция признана самой чистой в СНГ
«ТГЭМ»: 65-летний путь к вершинам в энергетике и строительстве
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста