Айбдоркунандаи давлатӣ ба Бобоҷон Ширинов, ки дар куштори бераҳмонаи ҳамсараш моҳи июни соли равон айбдор дониста мешавад, таъини ҷазои 20 соли зиндонро дархост намуд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Суди шаҳри Душанбе.

Рӯзи душанбеи ҳафта оянда, 29 октябр аз пешниҳоди далелу ваҷҳҳои адвокати айбдоршаванда ва суханронии худи Бобоҷон Ширинов, писари генерал Раҷабалӣ Ширинов – собиқ муовини директори Агентии зиддифасод интизорӣ меравад.

Баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбати Бобоҷон Ширинов мутобиқи моддаи 104, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (одамкушӣ бо бераҳмии махсус) нимаи моҳи сентябр дар Суди шаҳри Душанбе оғоз гардид.

Дар ҷараёни тафтишот айбдоршаванда пурра ба гуноҳи худ иқрор шуда, лекин дар мурофиаи судӣ бо ишораи аз хотир баровардани баъзе ҳолатҳо, худро қисман гунаҳкор шуморид, ҳарчанд ташхиси пеш аз суд ӯро пурра солим дониста буд.

Бобоҷон Ширинови 33-сола, собиқ котиби Суди олии иқтисодии Тоҷикистон моҳи июн ба гумони даст доштан дар куштори ҳамсараш боздошт шуд.

Шоми рӯзи 6 июн зимни муноқиаши рухдода ӯ ба ҳамсараш дарафтода, бо корд ба ӯ чанд зарба зад. Дар натиҷа ҳамсараш Моҳира Ятимова ҷароҳат бардошта, дар бемористон ба ҳалокат расид. Сабаби муноқиша байни ҳамсарон тақсими амвол ва кӯдакон унвон мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.