Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) изҳор медорад, ки дар маъракаи интихоботи гузашта ба парлумон шоҳиди амалҳои шубҳаноки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон будааст.

Дар изҳороти Шӯрои сиёсии Ҳизби демократии Тоҷикистон вобаста ба воқеаҳои моҳи сентябри соли равон, ки дар сомонаи АМИТ «Ховар» бо имзои раиси ҳизб Сайидҷаъфар Исмонов ба нашр расидааст, дар ин робита қайд мешавад, ки ҲДТ боре шоҳиди як рафтори ношоиста, дақиқтараш шубҳаовари ҲНИТ шуда буд, ки дар арафаи интихоботи парлумонии Тоҷикистон, моҳи феврали соли 2015, ки раиси ҲДТ дар ҳавзаи интихоботии Фархор-34 ба сифати номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дар сабқат буд, ҲНИТ ба маҷлисҳои маҳаллӣ як нафар узви гурӯҳи салафияро пешбарӣ карда буд, ки фаъолияти ин гурӯҳи мазҳабӣ дар қаламрави Тоҷикистон манъ карда шудааст.

Раиси ҲДТ имрӯз ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки он замон ӯ аз ин масъала раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабириро огоҳ карда, аз ӯ пурсидааст, ки ҲНИТ ба Салафия чӣ муносибат дорад, вале саволаш бепосух мондааст.

«Акнун, ки гурӯҳи ҷангҷӯи генерали собиқ Абдуҳалим Назарзода саркӯб ва нобуд карда шуд ва ҳукумат даст доштани ҲНИТ-ро дар ин ошӯбҳо ошкор кардааст, дигар бовар ба фаъолияти солими ҲНИТ комилан аз байн рафтааст», - омадааст дар идомаи изҳорот.

Гуфта мешавад, «ҲДТ бо таваҷҷуҳ ба ҳодисаҳои ахир дар кишварҳои исломӣ, ки аз ихтилофандозии неруҳои ба ном исломӣ оғоз шуда, ҳазоронро кушта, садҳо ҳазор нафарро бехонумону овора кардааст, иқдомҳои ахири мақомоти интизомӣ ва ҳукумати кишварро чораҳои пешгирии чунин ҳодисаҳо медонад».

«Манъи фаъолияти ҲНИТ ҳоло яке аз мавзӯъҳои доғи мамлакати мо мебошад. Дар бораи то кадом андоза даст доштани роҳбарон ва аъзои ин ҳизби сиёсии мамлакат дар ин воқеаҳо мо маълумоти пурра дар даст надорем, аммо аз ҳар иқдоме, ки ба сулҳу оромӣ ва пешрафти ҷомеа нигаронида шудааст, пуштибонӣ мекунем», - таъкид мешавад дар изҳороти мазкур.