Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 2 март ба муносибати 25-солагии узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид ба Дабири кулли Созмон Антониу Мануэл ди Оливейра Гутерреш барқияи табрикӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла қайд мешавад, ки Тоҷикистон нақши бузургу таърихии Созмони Милали Муттаҳидро дар раванди истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар кишвари худ баланд арзёбӣ менамояд.

«Тайи солҳои сипаришуда имкониятҳои ин минбари умумиҷаҳонӣ аз ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати пешниҳоди ибтикороти умдаи дархӯри ниёзмандиҳои ҳамаи башарият, бахусус дар соҳаи об, мавриди истифода қарор дошт, - омадааст дар барқия. - Боиси қаноатмандист, ки ҳамшарикии мо бо сохторҳои фаръию махсусгардонидашуда ва агентию муассисаҳои он тадриҷан васеъ гардида, имрӯз дар сатҳи ҳамкорӣ бо мақсади рушди устувор қарор доранд».

Дар барқия изҳори итминон мешавад, ки санаи муборак ба марҳалаи ҷадиди рушди муносибатҳои дуҷониба ҳусни оғоз бахшида, Тоҷикистон омода аст, ки ҳамкориҳои судмандро бо Созмони Милали Муттаҳид минбаъд низ идома дода, дар раванди расидан ба ҳадафҳо ва арзишҳои волои он саҳми босазо гузорад.

Дабири кулли СММ дар барқияи худ ба ин муносибат ба унвони Президенти Тоҷикистон аз дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон аз фаъолияти Созмон изҳори сипоси беандоза карда, итминон медиҳад, ки СММ бо Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 ва ноилшавии мардуми Тоҷикистон ба рушди устувор ҳамкории зич хоҳад кард.

«Тоҷикистон кишвари пешбари воқеии масъалаҳои марбут ба рушди устувор ва мудирияти захираҳои об аст, - зикр мегардад дар барқия. - Ман шумо ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистонро инчунин ба муносибати таҷлили 20-солагии истиқрори сулҳ ва мусолиҳаи миллӣ табрик мегӯям. Созмони Милали Муттаҳид Тоҷикистонро ба ҳайси шарики сулҳ ва рушд эътироф мекунад. Ман мехоҳам ба вежа ба кишвари шумо барои ҳамкорӣ бо Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда дар Осиёи Марказӣ ва намояндагони Дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон миннатдорӣ арз намоям».