Дар Душанбе имрӯз мулоқоти вазирони умури хориҷии Тоҷикистону Эрон баргузор шуд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, зоҳиран мулоқоти Муҳаммадҷавод Зариф ва Сироҷиддин Аслов дар вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар Душанбе ҷараён гирифтааст.

Қаблан хабар додем, ки вазири корҳои хориҷии Эрон Муҳаммадҷавод Зариф субҳи имрӯз ба Душанбе омад. Манбаъҳои «Азия-Плюс» аз Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе доир ба фуруд омадани ҳавопаймо бо намояндаи воломақоми Эрон хабар доданд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз масъалаи шарҳи ҳадафҳои сафари мансабдори воломақоми Эрон ба ҷумҳурӣ худдорӣ варзид. Дар сомонаи Вазорат ва дигар сомонаҳои расмӣ низ дар ин хусус маълумот дода намешавад.

Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ бо такя ба манбаъҳои худ хабар медиҳад, ки вазири корҳои хориҷии Эронро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Низомиддин Зоҳидӣ, муовини аввали вазири умури хориҷии Тоҷикистон, истиқбол кардааст.

Ин манбаъ ҳамчунин иттилоъ додааст, ки сафари Муҳаммадҷаводи Зариф якрӯза хоҳад буд, аммо ба эҳтимоли зиёд, вай шаб дар Душанбе хоҳад монд ва фардо озими Самарқанд хоҳад шуд. Рӯзҳои 9-10 ноябр дар шаҳри Самарқанди Узбакистон конфронси байналмилалӣ зери унвони "Осиёи Миёна: як гузашта ва як ояндаи муштарак, ҳамкорӣ барои тавсеаи пойдор ва рушди муштарак" баргузор мешавад, ки дар ин ҳамоиш ҳам Муҳаммадҷавод Зариф низ иштирок хоҳад кард.​

Зимнан бо истинод ба сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон Баҳром Қосимӣ зикр мегардад, ки сафари Муҳаммадҷавод Зариф бо даъвати мақомоти Тоҷикистон сурат гирифтааст.