Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Ӯзбекистон санаи 10 январ дар Душанбе, оид ба баргузории машваратҳо миёни мақомоти салоҳиятдори ҳарду кишвар доир ба масъалаи боз кардани ҳамаи гузаргоҳҳо дар марзи давлатҳо тавофуқ ҳосил шуд, хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ дар ҳукумати ҷумҳурӣ.

Мутобиқи Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон аз соли 2002, дар сарҳади давлатҳо 16 гузаргоҳ амал мекард, ки 9-тоаш мақоми байнулмилалӣ ва 7-тои боқимонда мақоми дуҷониба дошт.

Чортои онҳо гузаргоҳҳои наклиёти роҳи оҳан мебошанд. Дар вилояти Суғд 12 гузаргоҳи сарҳадӣ бо Ӯзбекистон мавҷуд буда, боқимонда дар вилояти Хатлон ва шаҳри Турсунзода ҷойгир мебошанд.

Қобили зикр аст, ки аксари гузаргоҳҳо солҳои ба сардӣ гароидани муносибатҳои давлатҳо, замони сари мансаб қарор доштани собиқ президенти даргузаштаи ин кишвар Ислом Каримов аз ҷониби Ӯзбекистон баста шуда буданд.

Айни замон миёни давлатҳо барои равуои шаҳрвандон ва қисман ҳаракати воситаҳои нақлиёт ду гузаргоҳи дорои мақоми байнулмилалӣ - «Дӯстӣ» дар шаҳри Турсунзода ва «Фотеҳобод» дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд амал мекунанд.

Ғайр аз ин, имрӯз барои ҳаракати қатора ду гузаргоҳи роҳи оҳан низ дар самти шаҳрҳои Турсунзода ва Конибодом фаъолият доранд.

«Аллакай тасмим гирифта шудааст, ки дар остонаи ҷашни Наврӯз гузаргоҳи байнулмилалии назоратии 8 сол қабл басташудаи Панҷакент - Самарқанд ба фаъолият шурӯъ мекунад», - хотиррасон кард манбаъ аз ҳукумат.