Баъди дидору гуфтушунид бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сарвари давлати Ӯзбекистон Шавакт Мирзиёев изҳор намуд, ки аз рӯи тамоми масъалаҳои матраҳшуда натиҷаҳои мусбат ҳосил шуданд.

«Имрӯз байни давлатҳо дигар қариб ҳеҷ мушкилоте боқӣ намондааст, ки ба рушди муносибатҳои дуҷониба монеъа эҷод мекарданд», - таъкид дошт президенти Ӯзбекистон.

Шавкат Мирзиёев қайд кард, ки солҳои аввали ба соҳибистиқлолӣ расидан Тоҷикистон озмоишҳои душвори марбут ба ҷанги шаҳрвандиро паси сар намуд.

«Аммо хиради азалии мардуми тоҷик, бахусус пешвои он Эмомалӣ Раҳмон имкон доданд, ки Тоҷикистон ба рушди босуръат пурсамар ноил гардид», - гуфт Мирзиёев.

Дар навбати худ Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки сафари имрӯзаи сарвари давлати Ӯзбекистонро метавон «сарнавиштсозу таърихӣ» номид.

Ҳамчунин президенти Тоҷикистон барои ҳусни тафоҳуми ҳамдигарӣ ва дастгирии ташаббусҳои муштарак ба ҳамтои ӯзбеки худ миннатдорӣ изҳор кард.