Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни як тамоси телефонӣ президенти Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадовро ба муносибати зодрӯзаш табрик кардааст.
Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон мегӯяд, ки Эмомалӣ Раҳмон "фаъолияти сермаҳсули давлатии муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедовро дар роҳи таъмини рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии Туркманистони дӯст, ҳамчунин обрӯву эътибори баланди ӯро дар дохили ҷомеаи Туркманистон ва берун аз он қайд карданд".
Дар ин суҳбати телефонӣ ҳамчунин руасои ҷумҳури ду кишвар "атрофи ҳолат ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон мубодилаи афкор анҷом дода, алоқамандии хешро ҷиҳати ғанӣ гардонидани муҳтавои онҳо бо иқдомҳои нави амалӣ иброз карданд".
Вобаста ба ин Сарони давлатҳо аҳамияти мулоқоту музокироти сатҳи олии ҷонибҳоро дар ояндаи наздик таъкид намуданд. Президенти Туркманистон аз Сарвари давлати мо ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Туркманистон даъват ба амал оварданд. Қарор шуд, ки муҳлатҳои сафар бо роҳҳои дипломатӣ мушаххас карда мешавад.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои алоҳидаи мубрами дорои аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Первую гостиницу Душанбе важно сохранить
Куандык Бишимбаев приговорен к 24 годам лишения свободы за убийство жены
Как 23-летняя девушка из Таджикистана трансформирует микрокредитование на Ближнем Востоке и в Центральной Азии
Республиканский турнир TAJMMAF: путь к Чемпионату мира
Узбекистан даст Казахстану более 900 млн кубометров воды в поливной сезон
В Душанбе молодая девушка родила первенца в «Олуча Такси»
В Армении на акциях в поддержку отставки Пашиняна задержали 151 человека
Фотограф из Таджикистана представит свои работы на медиа-форуме «Диалог Культур»
Узбекистан в 2024 году освоит $5 миллиардов российских инвестиций
Почему Путин снял Шойгу и почему назначил экономиста министром обороны?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста