Дар назар аст Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Ӯзбекистон, рӯзҳои 18-19 апрел бо як сафари расмӣ ба Тоҷикистон сафар кунад. Дар ин бора ба ОИ “Азия-Плюс” аз Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон хабар доданд.
Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни ин сафар ӯ бо ҳатои тоҷики худ Эмомалӣ Раҳмон мулоқот карда, масоили ҳамкориҳои дуҷониба ва таҳкими равобити дӯстонаи ду кишварро баррасӣ кунанд.
Дар Сафорат Ӯзбекистон қайд карданд, ки дар чаҳорчӯби ин сафар рӯзҳои 17-20 апрел Рӯзҳои фарҳангии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон баргузор мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки дирӯз вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҳошияи нишасти дуюми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи стратегии “Осиёи Марказӣ - Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷи Форс” бо Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Бахтиёр Саидов мулоқот намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ карданд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои марбут ба омодагии сафари давлатии президенти Ӯзбекистон ба Тоҷикистонро баррасӣ карданд, вале он замон санаи дақиқи ташрифи Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр нашуда буд.
Как защитить лёгкие от городской пыли? Советы таджикского пульмонолога
Учителя английского языка пройдут цикл повышения квалификации на основе новых методик
В Душанбе в результате поножовщины ранены два брата
Таджикистан и Азербайджан заключили документы на $700 миллионов
К каким последствиям может привести гибель двух высокопоставленных политиков Ирана?
Кто поддержит социальный бизнес в Таджикистане?
Обвиняемые в теракте в «Крокусе» не стали оспаривать продление ареста
С 11 июня вырастет плата за выдачу шенгенской визы
В Таджикистане в два раза снизилась цена на карбамид
Тихоходный экспресс. Как продвигается ускоренная индустриализация в Таджикистане?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста