Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза бо терроризм»-ро маъқул шуморида, қатъи дастрасӣ ба шабакаи Интернет ва алоқаи мобилӣ дар вақтҳои заруриро расман қонунӣ кард.

Зимни баррасии тағйироту иловаҳои мазкур раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров изҳор намуд, ки ҷонибдорони Ҳоҷӣ Ҳалим барои омодагӣ ва баргузор намудани ошӯби мусаллаҳонаи рӯзи 4 сентябр аз интернет ва алоқаи мобилӣ хеле зиёд истифода кардаанд.

Ӯ ҳамчунин таъкид дошт, ки ҳатто баъди саркӯб шудани ошӯб низ ҷонибдорони Ҳоҷӣ Ҳалим барои аз масъулият озод кардани ҳаммаслаконашон аз алоқаи электронӣ истифода бурдаанд.

Зуҳуров қайд кард, ки имрӯз дар бозорҳои Душанбе бидуни пешниҳоди кадом як ҳуҷҷате бемалол метавон сим-корти телефонӣ мобилиро харидорӣ намуд. «Ба ин хотима бахшидан зарур аст», - иброз дошт ӯ ва илова кард, ки барои танзими мушкилот дар соҳаи алоқаи электронӣ ҳукумат ва парлумони кишвар як қатор лоиҳаи қонунҳо омода мекунанд.

« Дар шароити хусусияти ҷаҳонӣ пайдо кардани мушкилоти терроризм, рӯйи кор гирифтани тадбирҳои муносиб амали маъмулӣ аст», - афзуд Зуҳуров.

Зимни суханронӣ доир ба ин масъала вакили парлумон Хайрулло Сӯфиев қайд кард, ки мувофиқи ин тағйироту иловаҳо, Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ ба маҳдуд кардани дастрасӣ ба алоқаи электронӣ дар минтақаҳои баргузор намудани амалиёти зиддитеррористӣ ҳуқуқ пайдо мекунад.

Дар тағйироту иловаҳо пешбинӣ шудааст, ки дар вақти зарурӣ (соати икс) маҳдудияти дастрасӣ ба алоқаи электронӣ - интернет, алоқаи мобилӣ ва ғайра метавонад натанҳо дар минтақаҳои алоҳидаи кишвар, балки дар сурати зарурат дар саросари кишвар ҷорӣ карда шавад.

Тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи мубориза бо терроризм» бо аксари куллли овозҳо маъқул шуморида шуданд.

Қобили зикр аст, ки қаблан зимни баргузории амалиёти зиддитеррористӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар водии Рашт (август-сентябри соли 2010) ва ВМКБ (июл-августи соли 2012) ҳукумати Тоҷикистон бидуни шарҳи сабаб алоқаи электронии ин минтақаҳо бо саросари ҷаҳонро маҳдуд намуда буд.