Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода рӯзи 14 июн дар ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон бо фаъолияти пойгоҳҳои обкашӣ ва вазъи корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ шинос шуд.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» , сарвазир дар ноҳияи Фархор нахуст аз мавзеи пойгоҳи обкашии Урта-Боз -4 дидан кард. Ин пойгоҳ дорои  12 муҳаррики обкашӣ буда, дар се  қитъа масоҳати наздик ба 4 ҳазор гектар замини таъйиноти кишоварзиро бо об таъмин мекунад. Тавре иттилоъ дода шуд, обёрии заминҳо дар қитъаи якум аз моҳи апрели соли равон шуруъ гардида, барои фаъолияти пурраи пойгоҳи обкашӣ иваз намудани қисмҳои эҳтиётии муҳаррикҳои обрасони қитъаҳои дуюм ва сеюм  пеш омадааст. Масъулини соҳа барои сари вақт ба кор андохтани пойгоҳи обкашӣ бо иқтидори пурра ва дар муҳлатҳои наздик аз таъмир баровардани таҷҳизоти кории он вазифадор карда шуданд.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҳамчунин дар ноҳияи Фархор бо ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар мавзеи Сайёди деҳоти Даркад, ки дар масофаи беш аз 130 метр гузаронида мешаванд, шинос шуд. Дар ин мавзеъ, ки дар ноҳия минтақаи дорои хавфи бештар ба ҳисоб меравад тамоми тадбирҳо барои пешгирӣ аз ҳар гуна офатҳои табиии марбут ба об андешида мешавад.

Дар идомаи сафар Сарвазири мамлакат ва ҳайати ҳамроҳонаш бо ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар мавзеи Чубеки ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ шинос шуд. Тавре таъкид карда шуд, дар ин мавзеъ дар масофаи 537 метр  аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи идоракунии захираҳои обии водии Фарғона» корҳои барқарорсозии саддҳои обгардон ба таври шабонарӯзӣ амалӣ гардида,  дар иҷрои ин корҳо се ташкилоти сохтмонии ватанӣ сафарбар шудаанд.

Ба гуфтаи масъулин, дар пешбурди корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ин мавзеъ мушкилоте набуда, иҷрочиёни лоиҳа  аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масолеҳи зарурии сохтмонӣ, сӯзишворӣ ва техникаю таҷҳизоти корӣ таъмин карда шудаанд.

Дар айни замон дар ҳамин мавзеъҳои хавфноки наздик ба маҳаллаҳои аҳолинишин зиёда аз 2500 адад бетонсанги обгардон захира шуда, барои барқарорсозии ҳар як минтақаи харобгардида истифода бурда мешаванд.

Сарвазири мамлакат масъулини соҳа ва иҷрочиёни лоиҳаи корҳои соҳилмустаҳкамкунии мавзеи Сарбанд ва Боғбунёди деҳоти Чубекро барои иҷрои босифати корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, захираи пурраи масолеҳи сохтмонӣ, сӯзишворӣ, оҳан, симу бетонсангҳо, ташкили навбатдории шабонарӯзӣ ва афзун намудани техникаю таҷҳизоти корӣ вазифадор намуд.