Таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии ҳукумат доир гардид.

Дар кори маҷлис нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ шуда, Саидзода Маҳмадсаид Борон, ки то ин вақт дар вазифаи сардори Раёсати БДА ВКД ҶТ кор мекард, муовини вазири корҳои дохилӣ таъин гардид.

Қаблан дар ин мансаб генерал-майори милитсия Искандар Солеҳзода кор мекард, ки аввали соли равон сардори Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Хатлон таъин шуд.

Акс аз хадамоти матбуоти Президенти ҶТ

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 гузориш дод.

Акс аз хадамоти матбуоти Президенти ҶТ

Гуфта мешавад, сарвари давлат бори дигар таваҷҷуҳи аъзои ҳукумат ва сохторҳои дахлдорро оид ба андешидани тадбирҳои зарурӣ дар соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат дар давраи зимистонгузаронӣ, аз ҷумла аз ҳозир хариду захираи маҳсулоти хӯрокворӣ, маводи сӯхт, бунёду истифодаи сардхонаҳо барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини бозорҳои кишвар бо маводи ниёзи аввал ҷалб намуд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин барои истифодаи самараноки нерӯи барқ, пардохти саривақтии ҳаққи истифодаи он, фаъолияти пурсамари марказҳои барқу гармидиҳии пойтахт, пурра ба системаи гармидиҳӣ пайваст кардани иншооти гуногун, ҷоннок кардани фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва танзими хизматрасонии нақлиёти мусофиркаши ҷамъиятӣ дастуру супоришҳо дод.

Акс аз хадамоти матбуоти Президенти ҶТ

Гуфта мешавад, аъзои ҳукумат лоиҳаҳои як қатор қонунҳоро маъқул шуморида, лоиҳаҳои қарорҳои ҳукумати ҷумҳурӣ баррасӣ ва вобаста ба масъалаҳои дигари маҷлис қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.