Имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  бобати  шиносоӣ бо вазъи зисту зиндагии сокинон ва фаъолияти барзгарон ба ноҳияҳои Хуросон ва Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон ташриф овард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ноҳияи Хуросон Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо ҷараёни  кишти такрорӣ  дар Хоҷагии деҳқонии ба номи “Бобои Сайфиддин”-и Ҷамоати деҳоти "Садриддин Айнӣ" шинос гардида, иттилоъ дода шуд, ки имсол барзгарони ин хоҷагӣ аз ҳамаи навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ ҳосили дилхоҳ ба даст оварданд.

Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои замонавии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 4 иштирок кард. Ин бинои таълимӣ, ки барои 620 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст, бо харҷи 2 миллиону 680 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, дар ин ҷо барои таълиму тарбияи насли наврас тамоми шароиту имкониятҳои муосири илмомӯзӣ фароҳам мебошад.

Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Президенти мамлакат бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Хуросони вилояти Хатлон мулоқоти самимию созанда доир карда, таъкид дошт, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ аз тарафи роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар ба хотири рушду пешрафти ин минтақаҳои мамлакат аз ҳисоби буҷети давлат маблағҳои зиёд ҷудо гардид.

Зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Хуросон зикр кард, ки ҳукумати мамлакат барои таъмин намудани пешрафти ҳар ду ноҳия маблағгузориҳои давлатиро сол ба сол афзоиш дода истодааст.

Имрӯз ҳамчунин дар доираи сафари кории худ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Эмомалӣ Раҳмон бо вазъи киштзори хоҷагии деҳқонии "Қувватбек" шинос шуда, дар ҳамин мавзеъ аз намоиши маҳсулоти кишоварзии деҳқонони ноҳия дидан кард.

Дар ҷамоати деҳоти Калинини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Сарвари давлат бо фаъолияти ҶСК парваришгоҳи «Моҳии хушзот» шинос шуда, иттилоъ дода шуд, ки дар ин ҷо 42 гектар кӯл барои модармоҳӣ ва 60 гектар барои парвариши кирминамоҳӣ пешбинӣ шудааст. Зикр гардид, ки дар кӯлу ҳавзҳои ин мавзеъ 10 миллион кирминамоҳӣ ва 300 ҳазор моҳии яксола барои истеҳсоли гушти моҳӣ парвариш меёбанд.