Дар муассисаҳои зерсохтори Вазорати фарҳанги Тоҷикистон як қатор тағйироти кадрӣ сурат гирифтанд.

Директори Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии «Базморо» Олимҷон Солизода ба вазифаи директори муассисаи давлатии «Оркестри симфонии давлати»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Олимҷон Солизодаро дар вазифаи қаблиаш бо фармони вазири фарҳанги ҶТ Шамсиддин Орумбекзода сардори раёсати санъати Вазорати фарҳанги ҶТ Олим Акрамов иваз намуд.

Муовини аввали директори генералии Муассисаи давлатии «Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодию консертӣ» Бахтовар Раҳмонзода ба вазифаи директори генералии муассисаи мазкур таъин гардида, директори генералии ин муассиса Абдурасул Ҳалимов ба вазифаи муовини аввал дар муассисаи мазкур таъин гардид.