Бо қарорҳои ҳукумати Тоҷикистон дар ҳайати роҳбарӣ ва воҳидҳои сохтории Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ тағйирот кадрӣ сурат гирифт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, тибқи қарорҳои ҳукумат бо имзои Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҳукумати ҶТ, Раҳмон Акрам Амонов бо сабаби ба нафақа баромадан, Сӯҳроб Паноев ва Фарҳод Воҳидов бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовинони раиси КДАМ озод карда шуданд.

Бо дигар қарорҳои ҳукумат, Зубайдулло Алихонов, Нусратулло Мирзоев ва Алишер Мирзонаботов муовинони нави раиси КДАМ Тоҷикистон таъин шуданд.

Гуфта мешавад, тағйироти кадрӣ ҳамчунин дар раёсатҳо ва воҳидҳои сохтории КДАМ Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе низ амалӣ гардид.

Ғайр аз ин, бо қарорҳои ҳукумати ҶТ Ҷумъахон Ғиёсов аз вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати ҶТ озод гардида, ба ҷойи ӯ Амирбек Бегназаров ба ин вазифа таъин шуд.

Ҳамчунин санаи 26 сентябр дар сомонаи расмии Сарвари давлат қарори ҳукумат дар бораи аз вазифа озод кардани сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати ҶТ Ҷумъазода Мурод Хол нашр шуд. Ба ин вазифа Заробиддин Қудрат Файзуллозода таъин шудааст, ки қаблан дар мансаби масъули бахши саноати вилояти Суғд кор мекард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.