Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон охири ҳафтаи сипаришуда ҳамроҳ бо раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ аз Боғи миллии Тоҷикистон боздид карданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни шиносоӣ бо нашъунамои дарахтони боғи мазкур Пешвои миллат ба раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва роҳбарони боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт тавсия дод, ки ба хотири ба шаҳри гулҳо табдил додани пойтахти кишвар ба таври васеъ аз дарахтони дар ин боғ парваришшуда истифода баранд.

Гуфта мешавад, ба роҳбарияти Боғи миллӣ барои васеъ кардани майдони боғ ва ба як макони дилрабои сайру саёҳат мубаддал гардонидани он дастурҳо дода шуд.

Қобили зикр аст, ки «Боғи миллии Тоҷикистон» соли 2006 дар минтақаи ғарби пойтахт дар заминаи Боғи ботаникии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Масоҳати умумии заминҳои боғ наздики 92 гектарро ташкил медиҳад. Дар майдони 63 гектари боғ дарахтони гуногуни мевадиҳанданашъунамои хуб доранд. Дар масоҳати 9,48 гектар ниҳолҳои сояафкан ва ороишӣ парвариш карда мешавад.

Дар Муассисаи давлатии “Боғи миллии Тоҷикистон” беш аз 100 нафар ба таври доимӣ фаъолият мекунанд ва дар вақти ҷамъоварии ҳосили дарахтони боғ инчунин даҳҳо нафар коргарони мавсимӣ ба кор ҷалб карда мешаванд.