Чорабиниҳои асосии сатҳи ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ имсол санаи 27 июн дар шаҳри Конибодом баргузор мешаванд, хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ.
Чорабиниҳо бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, кормандони ҳукумат, аъзои парлумон, аҳли ҷомеаи кишвар ва намояндагони диаспораҳои тоҷикоони муқими кишварҳои хориҷи дур ва наздик баргузор мешавад.
Бино ба иттилои манбаъ, дар доираи ҳузур дар Конибодом бо иштироки Президенти Тоҷикистон як қатор иншооти таъиноту иқтисодиву иҷтимоӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ишаҳр вохӯрда, бо кори кишоварзону саноатчиёни шаҳр шинос мешавад.
Ба муносибати ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ санаи 27 июн дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар чорабиниҳои идона доир мегарданд.
Санаи 27 июни соли 1997 дар Маскав байни ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Аз ҳамон замон ин сана ҳаҷмун Рӯзи ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Мувофиқи меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон, 27 июн дар ҷумҳурӣ рӯзи истироҳат эълон шудааст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Привычки таджикистанцев, которые очень удивляют иностранцев
Как работают на улице сапожники Худжанда. Зимой в снег и летом в жару
Завтра в Душанбе состоится забег и веломарафон в рамках Национального дня бега, а также акция One Run
Три героини, как грани характера таджикской женщины. Размышления о фильме «Рох»
Как таджикский дзюдоист ворвался в элиту мирового дзюдо
Творческие арт-пространства и интересные галереи в Ташкенте
Когда-то благодаря письму Эмомали Рахмону ее семье дали землю, теперь Нафиса вынуждена отдать ее соседу, чтобы не отобрали
В Душанбе скончался Рахматилло Зойиров
Служба связи Таджикистана: Частные операторы заработали более 1 миллиарда сомони в квартал
В результате беспорядков в Бишкеке пострадали не менее 29 иностранцев
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста