Дар доираи таҷлили ҷашни Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар маҷмааи “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Душанбе бо иштироки устодони санъати ҷумуҳрӣ консерти пуршукӯҳ ва ба муносибати мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати аввали нерӯгоҳи барқи обии Роғун намоиши театришуда доир мегардад.
Тавре ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдори пойтахт хабар доданд, агрегати аввали нерӯгоҳи Роғун санаи 16 ноябр – ҷашни Рӯзи Президенти Тоҷикистон ба истифода дода мешавад.
Ғайр аз ин, бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, рӯзи 16 ноябр дар пойтахт ба ифтихори Рӯзи Президент боз як қатор чорабиниҳои дигар баргузор мешаванд.
Аз ҷумла, бо ташаббус ва таҳти сарпарастии мақомоти шаҳрдорӣ дар мавзӯъҳои нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, саҳми ӯ дар расидан ба сулҳу созиш дар ҷумуҳурӣ мизҳои гирду семинарҳо ва дар китобхонаҳои шаҳр намоишгоҳи китобҳои Президент барпо мегардад.
Дар худи мақомоти шаҳрдории Душанбе бо иштироки фаъолони пойтахт маҷлиси ботантана баргузор мешавад.
Мақомоти шаҳрдорӣ ба муносибати Рӯзи президент барои сокинон ва меҳмонони пойтахт тамошои бепули боғҳои фарҳангу истироҳат ва истифодаи бепул аз аттрксионҳо барои кӯдакон аз оилаҳои камбизоатро ташкил мекунад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
На Таджикистан надвигается стихия. Как вести себя во время селей?
Состояние раненого таджикского учителя после столкновения на границе с Кыргызстаном стабильное
Путин поздравил президента и народ Таджикистана с Днем Победы
Эмомали Рахмон улетел в Москву
Президент Таджикистана и мэр Душанбе возложили венки к Вечному огню
Ходжи и бородатые - на выход. Кого депортируют из России?
В Душанбе в очередной раз обсудят закон «О СМИ»
«Просто работал на стройке». Что говорят родные о Джумахоне Курбонове, еще одном фигуранте дела о «Крокусе»
В Узбекистане хотят внедрить «справедливую» систему приема в вузы
Кто и в каких целях использует память о Второй мировой войне?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста