Ҳукуматдорони Тоҷикистону Туркия ҷиҳати истирдоди узви созмони фаъолияташ мамнӯи «Гурӯҳи 24» Абдурашид Ҳамидов ба Тоҷикистон тавофуқ ҳосил карданд. Дар ин бора дар сомонаи расмии Ассотсиатсияи ҳомии ҳуқуқи « Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ» хабар дода мешавад.

Тибқи ин маълумот, Ҳамидов аз 15 апрели соли 2016 дар ҳабс қарор дошта, имрӯз, 5 август ҳамаи ҳуҷчатҳояш барои истирдод ба Тоҷикистон омода шудаанд.

Гуфта мешавад, шаҳрванди 27-солаи Тоҷикистон  Абдурашид Ҳамидов барои фаъолияти мухолифӣ нисбати давлат ҳамчунин узви «Гурӯҳи 24» таъқиб мешавад. Ӯ шахси боэътимоди пешвои «Гурӯҳи 24» Умаралӣ Қувватов буд, ки 5 марти соли 2015 дар Истамбул кушта шуд. Санаи 19 декабри соли 2014 Ҳамидов ҳамроҳ бо Қувватов ба ҳабс гирифта шуда, вале баъдан раҳо гардид.

Соли 2014 Суди олии Тоҷикистон созмони «Гурӯҳи 24»-ро барои изҳороти зиддиҳукуматии фаъолони он ифротгаро эълон кард. Соли 2015 Ҳамидов барои ҳимояи байнулмилалӣ ба дафтари намояндагии Раёсати Комиссари олӣ оид ба умури паноҳандагони СММ дар Анқара муроҷиат кард.

Ассотсиатсияи ҳомии ҳуқуқ қайд мекунад, ки Тоҷикистон Ҳамидовро аз рӯи ангезахои сиёсӣ таъқиб мекунад.

Ассотсиатсияи ҳомии ҳуқуқи «Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ» аз Туркия даъват кардааст, ки истирдоди Абдурашид Ҳамидовро боздорад ва аз ин қазия гузоришгари махсуси СММ оид ба масоили шиканҷа, Комиссари олӣ оид ба умури паноҳандагон, созмонҳои байнулмилалии ҳомии ҳуқуқ «Афви Байнулмилалӣ», HRW, Кумитаи хелсинкигии Норвегия - NHC, Шарикии байнулмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон - IPHR ва ВАО-ро огоҳ кардааст.