Моҳи феврал дар сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон се задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ пайваста, беш аз 250 кило маводи мухаддир мусодира шуд.
Бино ба маълумоти маркази матбуоти Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон, аввали моҳ сарҳадбонон дар ҳамдастӣ бо кормандони милитсия шаҳрванди 43-солаи Афғонистон Аҳмад Абдул Фуруқро дастгир намуда, аз ӯ ба миқдори 70 кило маводи нашъадори навъи ҳашиш ва чарс ёфт ва мусодира карданд.
Ҳамчунин зимни амалиёти муштараки марзбонон бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ рӯзи 5 феврал дар дидбонгоҳи сарҳадии «Дарқад»-и Отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ» аз қочоқбарони афғон 34,5 кило афюн, наздики 5 кило “ҳашиш” ва 8 кило “бангдона” дарёфт ва мусодира шуд.
«Дар вақти гузаронидани амалиёт байни хизматчиёни ҳарбӣ ва қочоқчиёни маводи нашъаовар зудухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ омада, қочоқчиён аз ҷои ҳодиса ба самти Афғонистон фирор карданд», - хабар дод манбаъ.
Қайд шуд, ки дар қитъаи «Панҷоб»-и отряди сарҳадии мазкур шоми ҳамон рӯз бо қочоқбарони афғон задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ пайваст.
«Қочоқбарони афғон ба муқовимати хизматчиёни ҳарбӣ тоб оварда натавониста, ба Афғонистон фирор намуданд ва дар ҷойи ҳодиса маводи нашъадори “ҳашиш” - 54 кг 165 гр, “афюн” - 26 кг 590 гр, тирдон - 2 адад бо тирҳои қутраш 7,62 дарёфт ва мусодира шуд», - омадааст дар маълумот.
Зимнан зикр гардид, ки ҳангоми задухӯрди мусаллаҳонаи санаи 8 феврал дар дидбонгоҳи «Сомон»-и отряди сарҳадии «Панҷ» аз ҷои ҳодиса маводи мухаддири ҳашиш - 24 кг, як адад яроки оташфишони тамғаи М-16 истеҳсоли амрикоӣ бо як адад тирдон ва тирҳояш дарёфт ва мусодира карда шуд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Черепахи Таджикистана: почему их стало так много в Душанбе?
Молодёжь Таджикистана: сколько ее и чем она занимается?
Афиша от «Азия-Плюс»: Рок-концерт от Muza, Футболфест-2024 и «Салом, Тобистон!»
После нападений на иностранцев в Бишкеке закрылись 64 швейных цеха
Семь причин посетить саундтрек-концерт «Мир турецких сериалов»
Как суд присяжных в Таджикистане мог бы повысить доверие к судебной системе страны
В Душанбе задержали гадалку, которая выманила более 150 тысяч сомони у своей «клиентки»
Норвегия запретила въезд российским туристам
Таджикистан и Азербайджан подписали 14 новых документов
Задержан участковой ОМВД по району Кубодиён по подозрению во взяточничестве
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста